Март 31, 2023 20:23 Asia/Dushanbe
  • Чин ва Амрико
    Чин ва Амрико

Вазорати дифои Чин Амрикоро бузургтарин таҳдид алайҳи сулҳ, субот ва амнияти ҷаҳонӣ донист.

Вазорати дифои Чин дар баёнияе Амрикоро бузургтарин таҳдид алайҳи сулҳ, субот ва амнияти ҷаҳонӣ муаррифӣ карду афзуд, Пекин ҳомии сулҳу тавсеаи ҷаҳонӣ аст, дар ҳоле ки Амрико аз буҷети дифоии худ, ки болотарин буҷети низомии ҷаҳон ба шумор меравад, барои ҷангафрӯзиву ошӯбафканӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон истифода мекунад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин гуфт, Вазорати дифои Чин омода аст ба манзури тақвияти иртибототу ҳамоҳангиҳои роҳбурдӣ, ҳамкориҳои худро бо артиши Русия густариш диҳад.

Гуфтанӣ аст, Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин бистуми марти соли ҷорӣ дар Маскав бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ дидор кард. Руасои ҷумҳури Чин ва Русия дар ин дидор дар хусуси ҳамкориҳои низомӣ байни ду кишвар тавофуқ карданд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин хотирнишон кард, Пекин омода аст тавофуқҳои сарони ду кишвар, аз ҷумла тақвияти ҳамоҳангӣ ва иртибототи роҳбурдии дуҷонибаро ба таври комил амалӣ кунад.

Ӯ гуфт, равобити Пекин ва Маскав ба таври физояндае мустаҳкам аст, вале ба манзалаи эътилофи сиёсӣ - низомии шабеҳи ҷанги сард алайҳи блок ё кишвари дигаре нест.

 

Барчасп