Трамп ба додгоҳ меравад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i100442
Раиси ҷумҳури пешини Амрико аз тасмими худ барои ҳузур дар ҷаласати додгоҳи Манҳеттен хабар дод.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Апрел 03, 2023 18:32 Asia/Dushanbe
  • Трамп ба додгоҳ меравад
    Трамп ба додгоҳ меравад

Раиси ҷумҳури пешини Амрико аз тасмими худ барои ҳузур дар ҷаласати додгоҳи Манҳеттен хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Трамп бомдоди душанбе тасмими худро барои таслим шудан ба қонун ва ҳузур дар додгоҳи Манҳеттен тайид кард.

Трамп дар шабакаи иҷтимоъи " Truth Social" ки мутаъалиқ ба худи у аст навишт чи бовар кунед ва чи накунед субҳи рузи сешанбе ба додгоҳ меравад қарар набуд Амрико ба ин шакл бошад.

Бомдоди ҷумъа ҳайати олии мунсифаи додгоҳи Манҳеттен Трампро ба унвони аввалин раиси ҷумҳури собиқи Амрико ба ҷиноятҳои кайфари ба далели пардохти ҳақусукут 130 ҳазор доллари ба як бозигари филмҳои ғайриахлоқи мутаҳам кард.

Раиси ҷумҳури пешини Амрико иттиҳоми пардохти ҳақусукутро сиёсӣ дониста ва ин иттиҳомро дар ростои дахолатҳо дар натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 эълом карда аст.