Апрел 04, 2023 10:06 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон ба таҳрими иқтисодии кишварҳои ҳатток ба Қуръони Карим фатво дод

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон дар фатвое хостори таҳрими иқтисодии кишварҳо ва афроди ҳатток(беҳурматикунанда) ба муқаддасоти исломӣ аз ҷумла Қуръони Карим шуд.

Ба гузориши хабаргузории Шабистон,Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон ба қонунӣ будану машрӯъияти таҳрими иқтисодии кишварҳову афроде, ки ба мабоонии ислом иҳонат мекунанд, фатво дод .
Ин иттиҳодия аз кишварҳои исломӣ хост аз тариқи дипломатӣ ва бар асоси мавозини байналмилалӣ ба нақзи муқаддасоту мабоонии исломӣ эътироз кунанд . Ин дар ҳолест, ки таҳрими маҳсӯлоти кишварҳои муҳин(иҳонаткунанда) ба ислом бар уҳдаи уламои ҳар кишваре гузошта шудааст, ки ба фоидаву зазари бархоста аз ин таҳрим огоҳӣ доранд .

Ин иттиҳодия бо истинод ба аҳодиси набавӣ эълом кард : Ин иқдом дар чорчӯби « ҷиҳод бо амвол » қарор дорад, ки шомили парҳез аз муомила бо мушрикон аз тариқи хариду фурӯш аст.

Кумитаи фиқҳу фатвои вобаста ба Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон ин мавзӯро баррасӣ ва эълом кард : Истифодаи мусулмонон аз таҳрик, бидъат ё нақзи назми ҷаҳонӣ нест . Ҳамчунин истифодаи торихӣ аз таҳрими иқтисодӣ тавассути мусулмонону ғайримусалмонон яке аз равишҳои фишору боздорандагӣ дар муқобила бо тарафи дигар ба манзури посух ба мутолиботи хос ё дурӣ аз сиёсати хосе аст .
Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон сӯзондани як нусха аз Қуръони Карим бо таъйиди давлати Шветсияро ба шиддат маҳкум кард ва аз давлатҳои исломӣ хост то бо эҳзори сафирони Шветсия ва дархости узрхоҳӣ аз онҳо ва дифо аз муқаддасоти уммати исломӣ, ки бартарини онҳо Қуръони Карим аст, мавзеи қотеъ иттихоз кунанд .


Бештар бихонед:

 

Барчасп