Таҳлил: Интишори гузориши расмии давлати Бойден дар бораи хурӯҷ аз Афғонистон
(last modified Sat, 08 Apr 2023 09:11:31 GMT )
Апрел 08, 2023 14:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Интишори гузориши расмии давлати Бойден дар бораи хурӯҷ аз Афғонистон
    Таҳлил: Интишори гузориши расмии давлати Бойден дар бораи хурӯҷ аз Афғонистон

Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе гузориши расмии худро дар бораи хурӯҷи ошӯфта ва ифтизоҳи давлати Бойдан аз Афғонистон дар соли 2021 мунташир кард.

Дар ин гузориш давлати Трамп борҳо муқасири хурӯҷи пуртаниш ва ошӯфтаи Амрико аз Афғонистон муаррифӣ шуд ва бо интиқод аз давлати ӯ ба далели маҳдуд кардани шароити хурӯҷи Амрико омадааст: Ҳеҷ нишонае вуҷӯд надошт, ки замони бештар, будҷаи бештар ё амрикоиҳои бештар дар Афғонистон метавонист масири (ҳаводис)-ро асосан тағиир диҳад. Ин гузориш ба коҳиши амдии нерӯҳоитавассути Трамп ишора мекунад.

Ҷон Керӣ ҳамоҳагн кунандаи иртибототи роҳбӯрдии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед дар ин бора мегӯяд, ки ин гузориш коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар замони раёсатҷумҳӯрии Трамп, озодии ҳазоррон зиндонии Толибон, музокира"дар Дуҳа" барои поён додан ба ҷанг бидуни ташкили давлати маҳалӣ ва таваққуфи барномаи раводиди Афғонистон ишора дорад.

Ин гузориши 12 саҳифаӣ иддао мекунад, ки давлати Амрико аз ин ақабнишинӣ дарс гирфтааст. Ҳамонгуна, ки интизор мерафт давлати Бойдан дар гузориши расимиаш дар ромтои салби иттиҳом аз худ бо фароафкании  комил масъулияти ҳамаи иқдомоти худ дар замони хурӯҷи аҷулона ва ошуфтаи  нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба гардани Доналд Трамп андохтааст.Дар ҳоле, ки мухолифони Ҷумҳурихоҳи Ҷу Бойден раисиҷумҳӯри демокротики Амрико бо таваҷҷӯҳ дар пеш будани интихоботи раёсатҷумҳӯрии 2024 дар талош ҳастанд то нуқоти заъфи Бойден, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо суйи мудирияти комили давлати ӯ дар заминаи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон аст-ро бузурнамоӣ карда ва аз он барои пешбурди корзори интихоботии номазадҳои Ҷумҳӯрихоҳ истифода намоянд. Дар ин росто Ҷумҳӯрихоҳон муддатҳо ба дунболи таҳқиқот  дар мавриди Афғонистон будаанд. Асосан ин яке аз мавзӯъоте будааст, ки   ҳизби Ҷумҳӯрихоҳ қасд дошт пас аз касби аксарият дар Маҷлиси намояндагон дар интихоботи миёндавраии ҳаштуми ноябри 2022 дар мавриди он таҳқиқ кунад.

Масъалаи хурӯҷи сареъ ва дар воқеъ ақабнишинии аҷулонаи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба дастури Ҷу Бойден раисиҷумҳӯри Амрико, ки саранҷом ба фурӯпошии давлати ин кишвар ва салтаи Толибон бар Афғонистон мунҷар шуд, интиқодоти зиёдеро аз вай дар дохил ва хориҷи ин кишвар дар ҳамон ҳангом барангехт. Дар дохили Амрико Доналд Трамп раисиҷумҳӯри пешин хоҳони канорагии Ҷу Бойден ба далели бӯҳрони Афғонистон шуд.

Трамп, ки дар давраи  ӯ хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон барномарезӣ ва оғоз шуд, дар баёнияе изҳор доршт: Ончӣ Ҷу Бойден дар Афғонистон анҷом дода афсонае аст ва ин яке аз бузургтарин шикастҳо дар таърихӣ Амрико хоҳад буд.

Дар хориҷ аз Амрико низ шуракои аврупоии Вашингтон замон ба интиқод аз тасмими Бойден боз карданд.

Нахуствазири пешини Италия гуфт: Раисиҷумҳӯри Амрико иштибоҳи таърихиро дар Афғонистон муртакиб шуд ва роҳи Доналд Трампро идома дод.

Ба рағми ин интиқодот аммо Ҷу Бойден бар дурӯстии тасмими худ дар хориҷ кардни нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар ростои поён додани ҷангҳои бе поёни Амрико дар ду даҳҳаи ахир  худро даргири  он кардааст пофишори кардааст. Исрори Бойден барои хотима додани сареътар ба ҳузӯри низомиёни Амрико дар Афғонистон муҷиб шуд то ӯ 31-уми августи 2021 -ро муҳлати ниҳоии хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ эълом кунад. Амрико дар давраи раёсатҷумҳӯрии Ҷорҷ Буш пас аз ҳамалоти сентябри 2001 ба баҳонаи ба истилоҳ муборизаи ҷаҳонӣ бо тероризм ва сарангун кардани ҳукумати Толибон, ки онро муттаҳам ба ҳамдасти бо Ал-Қоида карда буд ба Афғонистон ҳамла ва онро ишғол кард. Дар авҷи ин ишғол дар соли 2011 ҳатто шумори нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар ин кишвар ба беш аз 140 ҳазор нафар расид. Бо ин ҳол ҳузӯри 20 солаи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар ин кишвари ҷангзада ҳосиле ҷуз афзоиши ноамнӣ, фақр, тавлиди маводи мухаддир ва густаришги терроризм надоштааст. Дар ниҳоят низ нерӯҳои амрикоӣ амалан бо холи кардани пушти давлати Афғонистон заминаи фурӯпошии  он ва ишғоли Кобул тавассути Толибонро фароҳам намуданд.

Бештар бихонед: