Тафсир. Идомаи иҷтимои густардаи зиддиисроилии мардуми Туркия
Тазоҳуроти мардуми рӯзадори Туркия алайҳи ҷиноёти саҳюнистҳо дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон идома дорад ва мардуми шаҳрҳои мухталифи Туркия бомдоди имрӯз (якшанбе - 9 апрел) дар тазоҳуроти зиддиисроилӣ ширкат карданд.
Мардуми мусулмони Туркия низ монанди дигар миллатҳои мусулмон, ҳамасола дар моҳи мубораки Рамазон бо баргузории тазоҳуроти зиддиисроилӣ, ба ин ҷиноёти такрории режими саҳюнистӣ вокуниши манфӣ нишон медиҳанд.
Дар соли ҷории мелодӣ, ки соли сарнавиштсозе барои низоми сиёсии Туркия маҳсуб мешавад, сиёсатмадорони турк фурсати муносибе пайдо кардаанд то бо ҳузур дар таҷаммуоти зидиисроилӣ, ба таблиғ барои аҳзоби тарафдор иқдом намоянд. Дар ҳамин росто, ағлаби сарони аҳзобу ҷараёноти сиёсии Туркия алайҳи режими саҳюнистии Исроил мавзеъгирӣ карданд.
Дар ҳоле ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурӣ ва Аҳмад Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар эътирозҳои соли ҷорӣ алайҳи Исроил сукут ихтиёр кардаанд.
Дар ин росто, даҳҳо ҳазор нафар аз ҷавонони мусулмони Туркия дар тазоҳуроту таҳассуни зиддиисроилӣ ширкат карданд. Ин маросим, ки дар саҳни масҷиди Фотеҳи Истанбул ва Анкара, пойтахти Туркия баргузор шуд, ҷавонони Туркия бо дар даст доштани парчамҳои Туркия ва Фаластин дар майдон ҳозир шуданду алайҳи Исроил шиор сар доданд.
Дар ҷараёни ин тазоҳуроти густарда, ширкаткунандагон мукарраран шиорҳои «Марг бар Исроил», «Дуруд бар Фаластин”, «Дуруд бар идомаи муқовимат», «Исроили қотил аз Фаластин бирав берун», «Масҷидулақсо танҳо нест» сар доданд.
Дар як ҷамъбандии куллӣ аз тазоҳуроти зиддиисроилии мардуми Туркия бояд гуфт: Тазоҳуроти чанд рӯзи гузаштаи мардуми ин кишвари мусулмон муқаддимае барои баргузории тазоҳуроти Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст, ки ҳамасола дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон дар саросари ҷаҳон, алалхусус кишварҳои мусулмон баргузор мешавад.
Ин тазоҳурот солона дар ҳоле дар саросари ҷаҳон, ҳатто бархе кишварҳои ғайриисломӣ баргузор мешавад, ки бархе аз давлатҳои мусулмон, аз ҷумла давлати Илҳом Алиев ҳамасолаи монеи баргузории тазоҳуроти зиддиисроилии мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи ҷиноёти саҳюнизми байналмилал мешавад.