Ниме аз мардуми Амрико: Трамп муҷрим аст
(last modified Mon, 10 Apr 2023 12:10:43 GMT )
Апрел 10, 2023 17:10 Asia/Dushanbe
  • Ниме аз мардуми Амрико: Трамп муҷрим аст

Ниме аз мардуми Амрико муътақиданд, Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешини ин кишвар дар пайи ифшои кайфархост бояд муҷрим шинохта шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар назарсанҷии муштарак тавассути "Ipsos" ва "ABC News", 50 дарсад аз амрикоиҳо муътақиданд, ки раисиҷумҳури пешини Иёлоти муттаҳида бояд муҷрим шинохта шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта ва пеш аз оғози муҳокима 45 дарсади мардуми ин кишвар хостори муҷрим шинохта шудани вай буданд ва дар муқобил, 33 дарсад ҳам эълом кардаанд, ки Трамп набояд муттаҳам шавад, ки ин мизон дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта танҳо 1 дарсад афзоиш доштааст.

Трамп, ки дар ҳоли ҳозир бар сари пардохти ҳаққи сукут ба Сторми Дэниелс, бозигари филмҳои ғайриахлоқӣ ва ҳамчунин дасткории асноди додгоҳӣ шуда, дар ҳоли ҳозир нахустин раисиҷумҳури собиқи таърихи Иёлоти муттаҳида аст, ки ба далели чандин фақара ҷурм додгоҳӣ мешавад.

Барасоси натоиҷи дигари ин назарсанҷӣ, 53 дарсади амрикоиҳо фикр мекунанд, ки ӯ қасдан коре ғайриқонӯнӣ анҷом дода ва дар муқобил 11 дарсад мегӯянд, иқдоми вай дар хусӯси пардохт ҳаққи сукут иштибоҳ буда, аммо вай ба амд коре накардааст. 20 дарсад ҳам муътақиданд, ки ӯ кори иштибоҳе анҷом надодааст.