Тафсир - Таъкиди Аврупо ба адами вобастагӣ ба доллар
(last modified Tue, 11 Apr 2023 06:33:04 GMT )
Апрел 11, 2023 11:33 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи Амрико аз доллар ба унвони иброзе дар ҷанги сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба ҷойгоҳи он ба унвони асъори захираи байналмилалӣ латма зада аст
    Истифодаи Амрико аз доллар ба унвони иброзе дар ҷанги сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба ҷойгоҳи он ба унвони асъори захираи байналмилалӣ латма зада аст

Кам кардани вобастагӣ ба доллар ва истифода аз арз (асъор)-ҳои дигар дар мубодилоти миёни кишварҳо ба яке аз дағдағаҳои ҷиддии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳатто муттаҳидони Амрико табдил шудааст.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳурии Фаронса дар ин замина гуфт: Мо набояд ба фаросарзаминӣ будани доллар вобаста бошем ва вориди мантиқи блок ба блок миёни Чин ва Амрико шавем.

Макрон, ки ба тозагӣ аз сафари Чин бозгаштааст; ҳушдор дод: Бидуни истиқлоли роҳбурдӣ, Аврупо дар хатари ҳазф аз таърих аст. Вай изофа кард, чолиши Аврупо ин аст, ки вақте метавонад мавқеъияти роҳбурдии худро равшан кунад, гирифтори як ошуфтагӣ дар ҷаҳон ва буҳронҳое мешавад, ки мутааллиқ ба мо нестанд.

Раисиҷумҳури Фаронса ҳамчунин хостори коҳиши вобастагии Аврупо ба Иёлоти муттаҳида ва иҷтиноб аз рӯёрӯии эҳтимолӣ бо Чин бар сари Тайван шуд.

Истифода аз доллар дар мубодилоти ҷаҳонӣ бавижа тайи даҳаи ахиру ҳамзамон бо таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон сабаб шудааст то бисёре аз кишварҳо ба фикри истифода аз арзҳое ғайр аз доллар дар мубодилоти тиҷорӣ бошанд. Ин мавзӯ пас аз таҳримҳои сангини Амрико алайҳи Русия аз сӯи Маскав матраҳ шуд ва ба мурӯр мавриди таваҷҷуҳи дигар кишварҳо қарор гирифт.

Дар воқеъ ин сиёсат аз ин рӯ ахз шуд, ки тайи солҳои ахир, Амрико вамуттаҳидони ғарбии ин кишвар талош карданд бо сӯиистифода аз доллару эъмоли таҳримҳои шадиди пулӣ ва бонкӣ бар кишварҳои мухталиф, фишори иқтисодӣ ва сиёсиро бар онҳо афзоиш диҳанд. Чунон ки Венесуэла, Русия, Эрон ва бархе дигар аз кишварҳо мавриди таҳримҳои сангини Амрико қарор гирифтаанд. Дар ин росто, ҳазф ё кам кардани доллар дар сабади арзии кишварҳо бо ҳадафи муқобила бо сиёсатҳои танбеҳии Амрико бавижа сиёсатҳои таҳримии ин кишвар, мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия чанде пеш ҳушдор дод, истифодаи Амрико аз доллар ба унвони иброзе дар ҷанги сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба ҷойгоҳи он ба унвони арзи захираи байналмилалӣ латма задааст.

Ин мавзӯ пас аз оғози ҷанги Украина ранги ҷиддитаре ба худ гирифт. Ҷилавгирӣ аз мубодилоти тиҷорӣ ва энержии Русия аз сӯи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ мӯҷиб шуд то сиёсати ҷойгузинии доллар ба унвони арзи бартари байналмилалӣ, ба мавзӯи ҷиддитаре барои Русия ва шарикҳояш табдил шавад. Муваффақияти нисбии ин сиёсат аз яксӯ ва идомаи сӯиистифодаи Амрико аз доллар ба унвони силоҳи ҷангӣ, ҳатто алайҳ муттаҳидонаш сабаб шуд то акнӯн Аврупо низ бар истиқлоли молии худ таъкид кунад.

Майкл Ҳартнетт, коршиноси бонкии Амрико мегуяд: Табдил кардани доллар ба як силоҳ метавонад мунҷар ба таназзули ҷойгоҳи он шавад ва «болкониза шудани системаҳои молии ҷаҳонӣ» нақши Амрико ба унвони арзи захираро аз байн мебарад.

Аз сӯи дигар акнӯн мақомоти Аврупо нисбат ба пайравӣ аз сиёсатҳои Амрико бавижа дар сиёсати хориҷӣ низ дучори тардид шудаанд. Ҷанги Украина ва ворид шудани Аврупо дар ростои хости Амрико сабаб шуд то бахши зиёде аз манобеи низомӣ ва иқтисодии кишварҳои ин қора дар ҷанги ниёбатии Амрико бо Русия дар Украина, ҳазина шавад.

Аз сӯи дигар Вашингтон низ ба тааҳҳудот ва ваъдаҳои худ амал накардааст ва ин вазъият сабаб шудааст то кишварҳои аврупоӣ дар ҳамроҳӣ бо сиёсатҳои Амрико дучори тардид шаванд. Ба ҳамин далел низ дар мавзӯи ихтилофи Амрико бо Чин бар сари Тайван, Эммануэл Макрон эълом кард, ки Аврупо бояд аз вобастагии худ ба Амрико ба хусӯс бар сари таниш бо Чин бикоҳад. Вай зимни инки аз Аврупо хост монеъи рӯёрӯи эҳтимолии Амрико бо Чин бар сари Тайван шаванд, аз кишварҳои узви Иттиҳодия Аврупо даъват кард, сиёсати дунболаравӣ аз Амрико алайҳи Чинро дар пеш нагиранд.

Ба назар мерасад, мақомоти Аврупо дарсадад ҳастанд то бо таҷдиди назар дар бархе аз сиёсатҳо, ҳазинаи ҳамроҳии худ бо сиёсатҳои Вашингтонро коҳиш диҳанд.

Бештар бихонед: