Нахустин гоми Чин дар ҳазфи доллар аз муомилоти тиҷорӣ
(last modified Wed, 29 Mar 2023 08:39:21 GMT )
Март 29, 2023 13:39 Asia/Dushanbe
  • Нахустин гоми Чин дар ҳазфи доллар аз муомилоти тиҷорӣ

Чин нахустин муомилаи тиҷорӣ бо воҳиди пули маҳаллии худ (юан) ба ҷои доллари Амрикоро анҷом дод.

Ба гузориши ИРНА, бурси нафту гази Шанхай дар баёнияе эълом кард, ду ширкати миллии нафти фалоти қораи Чин (CNOOC) ва Тотал Энержии Фаронса (Total Energies) аз тариқи ин бурс, аввалин муомилоти Чин дар заминаи гази табиии моеъро, ки бо юан тасвия шудааст, анҷом доданд.

Бурси нафту гази Шанхай афзуд, ин муомила шомили ҳудӯди 65 ҳазор тон гази табии моеъ аст, ки қабл аз тасвияи муомила бо ширкати чинӣ бо арзи «юан» тавассути «Total Energies» аз Иморот ворид шудааст.

Чин дар солҳои гузашта барои коҳиши тасаллути доллари Амрико дар тиҷорати ҷаҳонӣ, талош кардааст то барои истифода аз пули маҳаллӣ ба ҷои доллар дар анҷоми муомилоти тиҷорӣ бавижа нафт бо чанд кишвар ба тавофуқ бирасад.

Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин декабри гузашта дар сафар ба Риёз хостори мубодилоти нафтӣ бо Арабистон ва кишварҳои Халиҷи Форс бо «юан» шуда буд.

Муҳаммад бин Абдуллоҳ Ал Ҷадон, вазири дороии Арабистони Саудӣ низ январи гузашта таъкид кард, ки Арабистон барои тиҷорат бо арзҳои ғайр аз доллари Амрико омодагӣ дорад.