Вокуниши раиси Тайван ба размоиши серӯзаи Чин
(last modified Tue, 11 Apr 2023 10:36:22 GMT )
Апрел 11, 2023 15:36 Asia/Dushanbe
  • Сай Ин Вен-муддаӣ шуд, ки ин тамриноти низомии боиси бесуботӣ дар Тайвану минтақа шудааст .
    Сай Ин Вен-муддаӣ шуд, ки ин тамриноти низомии боиси бесуботӣ дар Тайвану минтақа шудааст .

Сай Ин Вен-раиси ҳукӯмати Тайван размоиши серӯзаи Чин дар атрофи ин ҷазираро « нигариши ғайримасъулонаи як кишвари бузург » хонд ва муддаӣ шуд, ки ин тамриноти низомии боиси бесуботӣ дар Тайвану минтақа шудааст .

Артиши Чин рӯзи душанбеи пас аз итмоми размоиши серӯзаи худ дар баёнияе афзуд : Неруҳои ин кишвар « барои ҷанг дар ҳар замоне омодааст ва метавонад дар ҳар замоне ҷанг кардаву қотеъона ҳар навъи истиқлоли Тайвану дахолати хориҷиро дар ҳам бишиканад . 
Коршиносони низомӣ мегӯянд ки ин размоиш фурсате барои тамрини муҳосираи дарёӣ ва ҳавоии Тайван буд ва мумкин аст ки артиши Чин ин гузинаи роҳбурдиро дар баробари ин ҷазира ба кор бибарад .
Ба гузориши Райтер, раиси ҳукӯмати Тайван бомдоди сешанбе дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт : Ҳарчанд размоиши Чин поён ёфта, аммо тими низомӣ ва амнияти миллии Тайван ба масъӯлиятҳои худ идома дода ва аз ин ҷазира дифо хоҳанд кард .
Пештар Вазорати хориҷаи давлати худхондаи Тайван дар вокуниш ба размоиши Чин эълом карда буд, ки Пекин сулҳу суботи минтақаро тазъиф мекунад .
Тайван аз соли 1949 то кунун ҷудо аз Чин идора мешавад, аммо Пекин ҳамвора ин ҷазираро бахше аз хоки Чин медонад .


 Бештар бихонед :