Апрел 13, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи эътисобҳову эътирозҳои хиёбонӣ дар Фаронса

Эътирози мардуми Фаронса ба ислоҳоти қонӯни бознишастагӣ дар ин кишвар як рӯз пеш аз баррасии ин тарҳ тавассути Шӯрои қонӯни асосии Фаронса бо эътисоб дар бахшҳои хадамотӣ ва тазоҳуроти хиёбонӣ идома ёфт.

Эътирозҳои саросарӣ дар Фаронса аз моҳи январи 2023 ва ба дунболи тарҳи Макрон барои афзоиши синни бознишастагӣ дар ин кишвар оғоз шудааст .
Ба гузориши Райтер, даври давоздаҳум аз эътирозот ба тарҳи Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳӯри Фаронса барои афзоиши синни бознишастагӣ дар ин кишвар имрӯз панҷшанбе бо эътисоби коркунони бахши ҷамъоварии зубола дар Порис ва ихтилол дар тараддуд дар бахше аз рӯдхонаи Рейн ба далели қатъи барқ тавассути муътаризон оғоз шудааст.

 

Барчасп