Роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Покистон
Даҳҳо ҳазор покистонӣ дар рӯзи ҷаҳонии Қудс дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин роҳпаймоӣ карданд .
Маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Покистон баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, саросари Покистон шоҳиди ҳузури пуршӯри рӯзадороне буд, ки барои маҳкум кардани ҷиноёти режими кӯдаккуши Исроил ба хиёбонҳо омада буданд .
Намозгузорони покистонӣ имрӯз дар беш аз яксад шаҳри ин кишвар аз ҷумла Исломобод, Карочӣ, Лоҳур, Кувайта ва Пешовар хашму инзиҷори худро аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ иброз карданд. Мусулмонони покистонӣ бо таъкид бар азму таъаҳҳуди худ ба ҳимоят аз мардуми Фаластин, Қудсро омили ваҳдату муқовимати исломиро танҳо роҳи нобудии режими саҳюнистӣ унвон карданд .
Роҳпаймоёни покистонӣ бо интиқод аз сиёсатҳои дугонаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мавзӯи Фаластин, ҳимоятҳои Амрико аз режими саҳюнистиро низ маҳкум ва эълом карданд:Амрико бузургтарин душмани ҷаҳони Ислом аст.