Апрел 14, 2023 19:23 Asia/Dushanbe
  • Радди овозаи истифода аз паҳподҳои эронӣ тавассути Арманистон

Ереван ахбори истифода аз паҳподҳои эронӣ дар набардҳои ахири Ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистонро овозаҳои беасос хонд .

Ба рағми барқарории оташбас байни Ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон неруҳои ду кишвар борҳо дар манотиқи марзӣ бо якдигар даргир шудаанд . Аммо даргириҳои ахир аз шиддати бештаре бархурдор аст ва бо тавваҷуҳ ба нақлу интиқолоти низомии неруҳои озарӣ дар марз, шоибаи ҳамлаи қарибулвуқуъи артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Арманистон ҷиддӣ ба назар мерасад .
Пас аз даргириҳои сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ахборе дар бораи ҳузури паҳподҳои сохти Эрон дар майдони набард мунташир шуд . Бар асоси ин хабарҳо  Арманистон аз ин паҳподҳо алайҳи неруҳои озарӣ истифода кардааст . Ба рағми ин ки ҳануз мақомоти расмӣ дар Бокӯ дар ин бора изҳори назаре накардаанд, вусъати овозаҳо Ереванро ба вокуниш водошт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Никол Пашинян-нахуствазири Арманистон сиҳҳати ахбори мунташиршуда дар бораи истифодаи Арманистон аз паҳподҳои эронӣ дар даргирии ахири байни неруҳои арманӣ ва низомиёни артиши Ҷумҳурии Озарбойҷонро рад кард .
Пашинян ҳадаф аз интишори ин ахборро ба роҳ андохтани ҷанги равонӣ алайҳи Ереван донист .
Нахуствазири Арманистон, ки дар порлумон сухан мегуфт ба нигарониҳои Ғарб аз наздикии равобити Ереван – Теҳрон ишора кард ва гуфт: Ин овозаҳо бо ҳадафи таҳрики ғарбиҳо мунташир мешаванд.

 

Барчасп