Апрел 15, 2023 11:01 Asia/Dushanbe
  • Маскав : Ҳамлаҳои кибернитикӣ алайҳи зерсохтҳои Русия бо ҳамкории Пентагон анҷом мешавад

Маскав эълом кард, ки Пентагон дар тарроҳӣ ва иҷрои ҳамалоти интернетӣ, ки аз хоки Украина алайҳи зерсохтҳои ҳаётии Русия сурат мегирад, даст дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ирина Тяжлова-намояндаи Русия дар нишасти коргурӯҳи амнияти кибернитикӣ (интернети)и Созмони Миллали Муттаҳид пештар гуфт : Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли ҷазби ҳакерҳо ба манзури иҷрои амалиёти сайбирӣ алайҳи Маскав ҳастанд .
Ба гуфтаи ин дипломати рус ҳамалоти кибернитикӣ ба таъсисоти иттилоотии Русия аз замони оғози ҷанги Украина 10 баробар шудааст .
Хадамоти амнияти федероли Русия таи баёнияе таъкид кард, ки Пентагон ки бо гуруҳҳои ҳаккерӣ ҳамкорӣ мекунад, дар пушти пардаи ҳамалоти кибернетикии суратгирифта аз хоки Украина алайҳи зерсохтҳои ҳаётии Русия қарор дорад.
 

 

Барчасп