Апрел 17, 2023 16:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар мавриди сӯитағзия дар Афғонистон

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар мавриди сӯитағзия (камбду ғизо)-и бист миллион нафар дар Афғонистон ҳушдор дод.

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ имрӯз (душанбе) эълом кард, ноамнии ҳоди ғизоӣ дар Афғонистон вайронгар аст, ба тавре, ки 20 миллионнафар дар ин кишвар дар маърази хатари сӯитағзия ва бемориҳои уфӯнӣ қарор доранд.

Ин созмон бо ишора ба марги рӯзона 167 навзод дар Афғонистон бар асари авомили қобили пешгирӣ таъкид кард, "бояд барои наҷоти ҷон ва беҳбуди саломати модарон ва кӯдакон сареъ амал кунем."

Бинобар гузоришҳои мунташир шуда, дар ҳоли ҳозир ниме аз ҷамъияти Афғонистон бо гуруснагӣ мувоҷеҳанд ва 28 миллион нафар ба дарёфти кумаки башардӯстона ниёзманд ҳастанд.

Дафтари Созмони милал барои ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстона  дирӯз бо ишора ба коҳиши 50 дарсадии кумакҳои ғизоии эъто шуда ба Афғонистон ҳушдор дод, буҷети амалиёти башардӯстона дар Афғонистон дар ҳоли поён аст.

 

Барчасп