Декабр 20, 2016 10:18 Asia/Dushanbe
  •  Сафорати Амрико дар Анкара таътил шуд

Вазорати умури хориҷаи Амрико шаби гузашта Сафорати ин кишвар дар Анкараро таътил кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дар пайи шунида шудани садои тирандозӣ дар атрофи Сафорати Амрико дар Анкара ва барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна рӯйдоди эҳтимолӣ, Вазорати умури хориҷаи Амрико сафорати ин кишварро дар пойтахти Туркия таътил кард.

Амрико ҳамчунин аз атбои кишвараш дар Туркия хост, аз муроҷиа ба ин сафоратхона худдорӣ кунанд.

Ин тирандозӣ ду соат пас аз террори сафири Русия дар Анкара рӯй дод.

 Мақарри Сафорати Амрико дар Анкара дар фосилаи дувуним мили музеи ҳунарӣ аст, ки сафири Русия дар он ҷо кушта шуд.

Шаби гузашта сафири Русия дар Анкара ҳангоми боздид аз як намоишгоҳи акс ҳадафи гулӯлаи фарди мусаллаҳ қарор гирифт ва кушта шуд.