Би Би Си боз ҳам ба бетараф набудан муттаҳам шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i101060-Би_Би_Си_боз_ҳам_ба_бетараф_набудан_муттаҳам_шуд
Шабакаи Би Би Си дар Британия боз ҳам ба бетараф набудан дар пӯшиши хабарӣ муттаҳам шуд .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 18, 2023 07:36 Asia/Dushanbe
  • Би Би Си боз ҳам ба бетараф набудан муттаҳам шуд

Шабакаи Би Би Си дар Британия боз ҳам ба бетараф набудан дар пӯшиши хабарӣ муттаҳам шуд .

Дар паи марги Элизабети дувум-маликаи Британия шабакаи хабарии Би Би Си тағироти густардаву чашмгире дар ҷадвали барномаҳои радиои телевизиюнии дохилӣ ва хориҷии худ эҷод кард, ки шомили пӯшиши комили рӯйдодҳои марбут ба марги малика ва маросими ташйиъу тадфини ҷиноза ӯ ва тоҷгузории Чарлзи сеюм ба ҷонишинии малика буд.
Мардуми Британия бар ин боваранд Би Би Си беш аз ҳад ба сӯди хонадон салтанатӣ буда ва дидгоҳҳои мардумро нодида гирифтааст .
Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории Мизон,пуиши “Ҷумҳурӣ дар Британия, ки хоҳони парокандашавии низоми салтанатӣ дар ин кишвар аст, шабака Би Би Сиро ба адами бетарафӣ дар пӯшиши хабарии худ қабл аз тоҷгузории Чарлзи сеюм муттаҳам кардааст.
Дар номаи Граҳам Смит-мудири иҷрои пуиши Ҷумҳурӣ ба Дэйвид Ҷордан-мудири стандартҳои сармақола ва сиёсати Би Би Си, посухгӯ накардани хонаводаи салтанатӣ аз сӯи ин шабака ба унвони иттиҳоми дигари он унвон шудааст .
Пуиши Ҷумҳурӣ амалкарди ҷонибгароёнаи   Би Би Си-ро мояи шармсории амиқи ҳамаи дастандаркорони он донист .
Бино ба эъломи ин пуиш тибқи назарсанҷиҳои ахир Би Би Си фақат ба ақаллияти рӯ ба коҳиш аз мардум баҳо медиҳад .
Пуиши Ҷумҳурӣ меафзояд : « Би Би Си » ҳеч талоше барои бетарафӣ ё мутаъодил будан намекунад ва аз ҳама бадтар инки ошкоро дар пӯшиши хабарии худ бо кохи Бэкингҳом муомила мекунад .
Назарсанҷии ахири YouGov нишон дод, ки танҳо 15 дарсад аз мардуми Британиаи нисбат ба тоҷгузорӣ иштиёқ доранд ва аксарияти онҳо алоқае ба ин мавзӯ надоранд .