Апрел 23, 2023 16:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Қирғизистон ба раисиҷумҳури Эрон ба муносибати Иди Фитр

Раисиҷумҳури Қирғизистон дар паёме Иди Саиди Фитрро ба раиси Ҷумҳурии исломии Эрон табрик гуфт.

Дирӯз (шанбе) дар Эрон ва бархе дигар аз кишварҳои исломӣ, аввали шавол ва Иди Саиди Фитр буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар паёме ба Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Иди Саиди Фитрро ба давлату миллати Эрон табрик гуфт.

Дар рӯзҳои ахир бисёре аз раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумлаи нахуствазири Ҳинд, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, амири Кувайт, раисиҷумҳури Қазоқистон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, раисиҷумҳури Узбекистон, султони Аммон, раис ва наввоб раиси давлати Имороту ноиби амири Кувайт бо ирсоли паёмҳои ҷудогона, фаро расидани Иди Фитрро ба давлату миллати Эрон табрик гуфтанд.

 

Барчасп