Покистон ҳам ба дунболи ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷории худ
(last modified Sun, 23 Apr 2023 14:39:40 GMT )
Апрел 23, 2023 19:39 Asia/Dushanbe
  • Покистон ҳам ба дунболи ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷории худ

Покистон низ бо 220 миллион ҷамъият ва дорои бозори воридотмеҳвар, мисли дигар кишварҳо ба дунболи ҳазфи доллар дар мубодилоти тиҷории худ бо ҳамсоягон аст.

Фаъолони иқтисодӣ ва тиҷории Покистон муътақиданд. дар шароите, ки сиёсатҳои хасмонаи кишварҳои фароминтақаӣ монеъ аз тавсеаи иртиботот дар минтақа шудааст, тақвияти дипломасии иқтисодӣ бо ҳамсоягон, беҳтарин роҳкор барои муқобила бо ин рӯйкард аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исломобод дар шароите ба дунболи ҳазфи доллар дар мубодилоти тиҷории худ аст, ки Покистон солона 60 миллиарддоллар воридот дорад, ки ба гуфтаи фаъолони арсаи бозаргонӣ, истифода аз пӯли миллӣ дар тиҷорати дуҷониба, метавонад нақш басазое дар таваққуфи раванди коҳиши арзиши рупия (воҳиди пули Покистон) дар баробари доллар ифо кунад.

Покистон дар ҳоли ҳозир бо кишварҳои Русия, Афғонистон ва Чин, ки бузургтарин шариконӣ тоҷиронаш ҳастанд, мубодилотро аз тариқи арзҳои миллӣ дар дастури кор қарор додааст.

Исломобод ҳамчунин дар канори тиҷорати таҳотур бо Теҳрон, ба дунболи истифода аз риёл ва рупияи покистонӣ дар мубодилоти тиҷорӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Кишварҳои БРИКС ва ҳамчунин бархе дигар аз кишварҳо саъй дар ҳазфи доллар дар мубодилоти тиҷории худ доранд ва ҳамин масаъла сабаб шуда, ки бисёре аз кишварҳо дар мубодилоти худ аз доллар истифода накунанд ва ба дунболи долларзудоӣ бошанд.

Пештар, кишварҳои Чину Русия, Арабистон, Эрон ва Бразилия ва даҳҳо кишвар ва минтақаи дигар ҳам дар ин росто тавофуқномаҳои дуҷониба ва чандҷониба имзо кардаанд.