Кашфи ҷасади як дипломати рус дар Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/world-i10138-Кашфи_ҷасади_як_дипломати_рус_дар_Маскав
Чанд соат пас аз интишори хабари террори сафири Русия дар Туркия, ҷасади як дипломати дигари рус дар Маскав кашф шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 20, 2016 14:47 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҷасади як дипломати рус дар Маскав

Чанд соат пас аз интишори хабари террори сафири Русия дар Туркия, ҷасади як дипломати дигари рус дар Маскав кашф шуд.

Ба иттилои Исно, ҷасади Петр Полшиков, дипломати 56 солаи рус, ки ба зарби гулула кушта шудааст, дар ҳуҷрааш дар шаҳри Маскав пайдо шуд.

Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса мушаххас нашуда ва полис дар ҳоли баррасии иллати марги ин дипломат аст.

Полшиков аз мақомоти аршад дар бахши Амрикои Лотини Вазорати умури хориҷаи Русия буд.

Сафири Русия дар Туркия низ дирӯз ҳангоми боздид аз намоишгоҳи акс дар Анкара ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва кушта шуд.