Таъкиди Эрдуғон бар идомаи амалиёти мудохилаҷӯёнаи артиши Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i101850
Раисиҷумҳури Туркия бар идомаи амалиёти бурунмарзии мудохилаҷӯёнаи низомиёни турк таъкид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 06, 2023 17:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрдуғон бар идомаи амалиёти мудохилаҷӯёнаи артиши Туркия

Раисиҷумҳури Туркия бар идомаи амалиёти бурунмарзии мудохилаҷӯёнаи низомиёни турк таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия имрӯз (шанбе) гуфт, амалиёти бурӯнмарзии низомиёни турк поён наёфтааст ва фақат мунтазири замони муносиб ҳастанд.

Эрдуғон, ки дар як барномаи зиндаи телевизионӣ ширкат карда буд, бидуни таваҷҷуҳ ба ин интиқодҳо гуфт, "ҳамаи террористҳо дар Қандил (шимоли Ироқ) ҷамъ шудаанд ва аз онҷо фаъолият мекунанд. Аммо мо ин минтақаро низ бар сарашон хароб хоҳем кард."