Май 10, 2023 11:00 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани Трамп ба пардохти 5 миллиондоллар ҷарима

Ҳайати мунсифаи Додгоҳи федеролии Ню-Йорк, раисиҷумҳури собиқи Амрикоро дар парвандаи сӯиистифодаи ҷинсӣ, муқассир шинохта ва ба пардохти беш аз 5 миллиондоллар ҷарима маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аъзои ҳайати мунсифаи Додгоҳи федероли Ню-Йорк муташаккил аз се зан ва шаш мард, рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ эълом карданд, Ҷейн Кэрролл, нависандаи 79 солаи амрикоӣ тавонистааст иддаои худро дар хусӯси шикоят аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико ба далели таҷовузи ҷинсӣ ба ӯ дар як фурӯшгоҳ дар соли 1996 собит кунад.

Трамп ба пардохти беш аз 5 миллиондоллари ғаромат маҳкум шудааст.

Ҳайати мунсифа ҳамчунин изҳороти Кэрролл мабнӣ бар инки раисиҷумҳури собиқи Амрико дар 12 октябри 2022 дар ҷараёни як паёми тӯлонӣ дар ҳисоби иҷтимоии худ, ба вай ифтиро зада ва ӯро дурӯғгӯ хитоб кардааст, таъйид карданд.

25 апрел, додгоҳи расидагӣ ба иттиҳомоти мадании хонум Ҷейн Кэрролл алайҳи Трамп мабнӣ бар таҷовуз ба вай дар даҳаи 1990 дар як фурӯшгоҳи бузург дар шаҳри Ню-Йоркро оғоз кард.

 

Барчасп