Май 14, 2023 18:37 Asia/Dushanbe
  • Рекорди омори марги бехонумонҳо ва фақр дар Амрико

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс дар гузорише навишт, ҳаррӯз шумори бештаре аз мардум дар бузургтарин шаҳрҳои Амрико бехонумон мешаванд ва ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба гузориши рӯзномаи Ню-Йорк Таймс, теъдоди бештаре аз шаҳрвандони Амрико ба ҷои зиндагӣ дар як сарпаноҳ, зиндагиашон дар бехонумонӣ, сипарӣ мешавад ва шумор бесобиқае аз мардуми ин кишвар ба суръат дар хиёбонҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Барасоси ин гузориш, омори маргу мир дар шаҳри Сандиагои Амрико дар даҳаи гузашта наздик ба 10 баробар афзоиш ёфтааст ва афроди бехонумон дар ин шаҳр 118 баробар бештар аз ҷамъияти дар маърази хатари марги ношӣ аз масрафи беш аз ҳадди маводи мухаддир, 19 баробар бештар дар маърази хатари қатл, 12 баробар бештар дар маърази ҳамла ва ҳашт баробар бештар дар маърази хатари худкушӣ ҳастанд.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс дар идомаи гузориш худ навишт, ёрии таъҷилии як бемористон дар шаҳри Сандиагос танҳо дар соли гузашта 10500 муроҷиаи бехонумонро сабт кардааст.

Ҷаксон Ҳинклӣ, фаъоли расонаии Амрико низ дар Твиттер навишт, давлати ин кишвар ба баҳонаи ҷанг дар Украина, 200 миллиард доллар ба ин кишвар додааст, аммо ҳеҷ маблағе ба бехонумони амрикоӣ тахсис надодааст.

 

Барчасп