Таҳлил: Рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар остонаи баргузории даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия
(last modified Wed, 17 May 2023 06:22:18 GMT )
Май 17, 2023 11:22 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар остонаи баргузории даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия
    Таҳлил: Рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар остонаи баргузории даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия

Пас аз кашида шудани интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия ба даври дуввум, бархе рӯйдодҳои сарнавиштсоз бар фаъолиятҳои ду номазад роҳ ёфта ба райгирии 28-уми моҳи ҷории мелодӣ (май) сояафкандааст.

Пас аз райгирии сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳӯри дар Туркия, натоиҷи эълом шуда нишон додааст, ки орои номзади саввум  барои натиҷаи интихоботии даври дуввум бисёр таъсиргузор ва сарнавиштсоз хоҳад буд. Дар ҳамин иртибот, " Раҷаб Тайиб Эрдуғон" номзади Эътилофи "Ҷумҳӯр" гуфтааст: "Эътилофи вай дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳӯрии ин кишвар пирӯз хоҳад шуд". Дар муқобили ин изҳорот,  "Камол Қличдоруғулу" ки  раҳбарии Эътилофи "Миллат"-ро ба ӯҳда дорад,  дар канори  раҳбарони панҷ ҳизби муттаҳиди худ ва низ ду шаҳрдори Анкара ва Истанбул, ба хабарнигорон гуфт: " Барои идомаи ҷиддоли интихоботӣ дар ду ҳафтаи оянда омодаааст". Ин номзади интихоботӣ, ки шахсияти ороме дорад ва аз ҳар гуна ҷанҷол ба дӯр аст, ҳамчунин таъкид кард:" Беш аз 50 дарсад райдиҳандагон хостори тағиир ҳастанд".

Дар ин иртибот, чунин ба назар мерасад, ки Камол Қличдоруғулу , бо эҳтисоби орои "Синон Ӯғон" номзади саввуми интихоботи раёсатҷумҳӯри ва раҳбари Эътилофи " Ото", ки бештар аз панҷ дарсад ороро ба даст овардааст, шумори норозиёни давлати Анкараро болои 50 дарсад баровард кардааст.

Бо вуҷҷӯди ин мавзеъгириҳои Синон Ӯғон пас аз интихоботи 14-уми май, нишон додааст, ки вай тамоил ба ҳизби " Ҷумҳӯри Халқ" надорад ва бештар ба Эътилофи Ҷумҳӯр тамоил дорад. Дар айни ҳол, таъкиди Синон Ӯғон бар гироиши  Камол Қличдоруғулу  ба бегонагон нишон додааст, ки вай зимни тавофуқ бо Эътилофи Ҷумҳӯр, меҳварҳои мавриди назари Раҷаб Тайиб Эрдуғонро алайҳи эътилофи Миллат матраҳ кардааст.

Ҳамчунин бо такзиби матолиби мунташир шуда ба нақл аз вай дар расонаҳои ғарбӣ, нишон дод, ки Синон Ӯғон аз пеш дар масири комили сиёсатҳои Эътилофи Ҷумҳӯр қарор гирифтааст.

Рӯзи  душанбе расонаҳо ба нақл аз маҷалаи олмонӣ гузориш дода буданд, ки ин номзади интихоботии раёсатҷумҳӯрии Туркия эълом карда, танҳо дар сурате аз номзадии Эътилофи  « Миллат »  ба раёсатии  « Камол Қличдоуғулу» ҳимоят мекунад, ки қавл диҳад Ҳизби  халқӣ-демократии  Курдистонро аз системи сиёсии Туркия канор бигузорад.

Ҳамзамон бо мавзеъгириҳои Синон Ӯғон,  муовини  Камол Қличдоруғулу номзади Эътилофи Миллат дар интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия аз симати худ истеъфо дод.

  • Бидуни шак, истефои муовини  Камол Қличдоруғулу, ба шиддат ба зиёни ҷараёни Эътилофи Миллат ва заминасозӣ тафриқа дар ин Эътилоф хоҳад буд.

Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия чанд воқеъиятро ба исбот расондааст. Нахуст ин, ки тамоми назарсанҷиҳое, ки аз як соли пеш мунташир мешуданд, натоиҷи иштибоҳе дар расонаҳо мунташир карданд. Дар воқеъ, ҷудо аз амдӣ ё саҳвӣ будани натоиҷи ин назарсанҷиҳо, тардиде нест, ки гироиши сиёсии соҳибони муъасисаҳои назарсанҷӣ дар ин замина дахолат доштааст. Дар ҳақиқат, тамоми назарсанҷиҳо, аз орои беш аз 50 дарсади  Камол Қличдоруғулу номзади Эътилофи шашгонаи Миллат ҳикоят доштааст, ва назарсанҷиҳои орои Эътилофи Ҷумҳӯрро байни 42 то 47 дарсад пешбинӣ карда буданд.

Бо вуҷҷӯди ин таблиғоти густарда, орои Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба беш аз 49 дарсад расид, орои рақиби аслии Эрдуғон низ каме аз 45 дарсад фаротар рафт.

Дар ҳамин ҳол бархе маҳофили сиёсии мустақил тақаллуб дар итихобот ба нафъи аҳзоби муттаҳиди Эрдуғонро имконпазир надонистанд. Дуввумин воқеъияти талх дар натоиҷи сездаҳумин интихоботи раёсатҷумҳӯрии ахири Туркия, ин воқеъияте аст, ки мардуми Туркия, ки аз бӯҳрони иқтисодии шаддид ва бесобиқае ранҷ мебаранд ва мушкилоти камсобиқаеро таҷрӯба мекунанд, ба рағми эътирозои ду соли ахир ба сиёсатҳои давлати Анкара, ҳамчунон ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон эътимод доранд. Дар ин замина, тардиде нест, ки баҳрагирии номзади Эътилфри Ҷумҳӯр аз дини мубини Ислом натиҷа додааст. Дар муқобил, чунин ба назар мерасад, ки мардуми Туркия ба ҳизби Ҷумҳӯри Халқ ҳамчунон беэътимод ҳастанд ва изҳороти динии  Камол Қличдоруғулуро боварпазир  надонистаанд.

Саввумин воқеъият дар иртибот бо сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия, шиъорҳои номзади Эътилофи Ҷумҳӯр мабни ба мустақил намоӣ ва таъкид бар вобастагии Эътилофи Миллат ба бегонагон аст, ки дар  мардуми Туркия таъсир гузоштааст.

Дар интибот бо натоиҷи ниҳоии  интихобот дар даври дуввум, коршиносони мувофиқ ва мухолиф изҳороти назарҳои мухталифке матраҳ кардаанд.

Ба унвони мисол Невсин Менгу, рӯзноманигори мухолифи сиёсатҳои Эрдуғон муътақид аст, натоиҷи интихоботи парлумонӣ бар тасмими райъдиҳандагон дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳӯри зиёд аст. Ин коршиноси турк гуфт:" Ба назари ман ин амри машрут ба тавофуқи Эрдуғон бо Синон Ӯғон аст. Албатта, ки тавофуқи ӯ бо Эрдуғонро роҳаттар хоҳад кард".

Аммо "Одам Матон" рӯзноманигори наздик ба ҳизби Адолату Рушд, муътақид аст:" Қатъан натиҷаи интихоботи парлумонӣ рӯи тасмими райъдиҳандагон дар даври дуввум таъсиргузор хоҳад буд. Ҳам шаҳрвандони оддӣ ва ҳам фаъолони иқтисодӣ ва корофаринон хостори брузи  шароити билотаклифи ва но эътминоне нестанд".

Дар мааҷмӯъ бояд гуфт: Натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳӯрии Туркия дар ҳоле мунташир шуд, ки афзоиши ҳазинаи зиндагӣ, таварум, коҳиши арзиши пули миллӣ ва мушкилоти маъишатӣ, аз ҷумлаи мушкилоти ҳал  нашудани дар давлати Эрдуғон ва нокоромадии мудирони таҳти амри вайро исбот  карда буд. Аммо орои аксарияти мардум нишон додааст, ки ба рағми мушкилот Эрдуғон ҳамчунон аз ҳимоятҳои мардумӣ бархурдор аст.