Май 20, 2023 10:15 Asia/Dushanbe
  •  Нюсвик : Байден дар бузургтарин набарди Сурия шикаст хурд

Маҷаллаи амрикоии « Нюсвик » бозгашти Димишқ ба иттиҳодияи арабро бузургтарин шикасти Вашингтон дар ҷанги Сурия тавсиф кард .

Вазирони хориҷаи узви Иттиҳодияи Араб, ҳафтуми моҳи май дар нишасти фавқулода дар Қоҳира ба иттифоқи оро бо бозгашти Сурия ба ин иттиҳодия мувофиқат карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  дипломатҳоӣ амрикоӣ дар гуфтугу бо Нюсвик изъон кардаанд, ки бозгашти Димишқ, як паёми муҳим барои Иёлоти Муттаҳида дорад ва он поён додан ба ҳузури низомӣ ва лағви таҳримҳое аст, ки ин кишварро ҳадаф қарор медиҳад».
Дар ҳамин робита манобеи аз намояндагии Сурия дар Созмони Миллали Муттаҳид дар мусоҳиба бо маҷаллаи Нюсвик гуфтаанд, ки « Мавзеи Сурия дар бораи ҳузури ғайриқонӯнии низомиёни Амрико дар бахшҳое аз хоки ин кишвар ва иқдомоти якҷонибаи таҳмилии Вашингтон алайҳи мардуми Сурия, мавзеъи усулӣ ва қотеъ аст, ки устувор бар бандҳои ҳуқуқи байналмиллал ва усулу аҳдофи маншури Миллали Муттаҳид мебошад» .
Бозгашти Сурия ба Иттиҳодияи Араб нишондиҳандаи шикасти пружаи муштараки эътилофи ғарбӣ - арабӣ ба саркардагии Амрико барои сарнагунии давлати Сурия қаламдод мешавад.
 

 

Барчасп