Русия дастури боздошти додситони Девони байналмиллалии кайфариро содир кард
(last modified Sat, 20 May 2023 08:19:33 GMT )
Май 20, 2023 13:19 Asia/Dushanbe
  • Русия дастури боздошти додситони Девони байналмиллалии кайфариро содир кард

Дар паи иттиҳомоти беасоси матраҳшуда тавассути додситони Девони байналмиллалии кайфар(ҷазо)ӣ алайҳи раиси Ҷумҳурии Русия, ин кишвар дастури боздошти ин додситонро содир кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар моҳи марти 2023  Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ ҳукми боздошти Путин ва Мария Лова Беллова-ваколатдори ҳуқуқи кӯдакони Русияро ба иттиҳоми ихроҷи иҷбории ҳазорон кӯдак аз Украина ба Русия содир кард; ҷое ки бисёре аз онҳо таҳти сарпарастии хонаводаҳои русӣ қарор гирифтаанд .
Судури ҳукми боздошти Путин тавассути Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ вокуниши шадиди Кремл ва муттаҳидони раиси Ҷумҳурии Русияро барангехтааст.
Дмитрий Медведев-муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия дар посух ба судури ин ҳукми боздошт хостори ҳамлаи мушакӣ ба Девони байналмилалии кайфарӣ шуд ва Вячеслав Володин-раиси маҷлиси Думаи Русия ҳам гуфт судури ин ҳукм муодили як иқдоми таҷовузкорона алайҳи ин кишвар аст.