Май 24, 2023 21:25 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Вазорати хориҷаи Русия аз изҳороти Боррел

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия аз изҳороти масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо интиқод ва онро лағзиши фройдӣ хонд.

Ба гузориши “Спутник”, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, изҳороти Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар хусуси ҳуҷуми гуруҳи тахрибии украинӣ ба вилояти Белгороди Русия лағзиши фройдӣ аст ва нишон медиҳад, ки Боррел шахси болаёқату шоистае нест.

Мария Захарова афзуд, аз назари Боррел вилояти Белгороди Русия ва шаҳри Белгород - пойтахти Сербия як чиз аст ва он гуна, ки бо Белгород бархӯрд карданд, бо ҳар чизе ки хориҷ аз системаи онон буд, низ бархӯрд карданд.