Ҳушдори Русия дар бораи дахолати рузафзуни ғарб дар ҷанги Украина
(last modified Sun, 28 May 2023 05:22:21 GMT )
Май 28, 2023 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи дахолати рузафзуни ғарб дар ҷанги Украина
    Ҳушдори Русия дар бораи дахолати рузафзуни ғарб дар ҷанги Украина

Сухангуи раёсати Ҷумҳурии Русия дар гуфтугу бо расонаҳои русӣ нисбат ба дахолати рузафзуни кишварҳои ғарби дар ҷанги Украина ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дмитри Песков сухангуи Федератсияи Русия дар гуфтугу бо расонаҳои русӣ аз ҷумла хабаргузории Тасс ва хабаргузории Спутник эълом кард дахолати кишварҳои ғарби дар ҷанги Украина ки ҳар руз бештар мешавад метавонад замони ҷангро тулони кунад аммо ин вазъиятро ба таври асоси тағир намедиҳад.

Ҷанги Украина бо ҳамаи табаъоти густардаи сиёсӣ, низомӣ, иқтсиодӣ, иҷтимоъӣ ва ҳатто фарҳангияш вориди шонздаҳумин моҳи худ шуд ва ирсоли таслиҳоти кишварҳои ғарби барои Украина ҳамчунон идома дорад.

Мақомоти русӣ ва бархе коршиносон ва расонаҳои ғарби ҷанги Украинаро ҷанги ниёбати миёни ғарб ва Русия тавсиф карданд.