Таҳлил: Фарофикани ва руйкарди дугонаи Зеленский дар бораи Эрон
(last modified Sun, 28 May 2023 10:11:12 GMT )
Май 28, 2023 15:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Фарофикани ва руйкарди дугонаи Зеленский дар бораи Эрон
    Таҳлил: Фарофикани ва руйкарди дугонаи Зеленский дар бораи Эрон

Раиси Ҷумҳурии Украина бори дигар бо такия бар иддаоҳе, ки саҳати онҳо борҳо аз суи Эрон рад шуда аст ва мустанадоти дар тайиди онҳо ироа нашуд аз Эрон хост ба Русия паҳпод ирсол накунад.

Владимир Зеленский раиси Ҷумҳурии Украина дар як намоиши табилиғотии ҷадид бар мабнои иттиҳомоте, ки дурустии он пеш аз ин борҳо тавассути Эрон рад шуд аз мардуми Эрон хост канори Русия қарор нагирад ва ба истилоҳ дар тарафи торикии таърих наистанд.

Зеленский дар идомаи иддаоҳои худ ин саволро матраҳ кард, ки чаро мехоҳед дар иқдомоти террористии Русия ҳамдаст бошед? Вай дар идомаи паёми видеои худ аз ҳамаи мардуми Эрон хоста аст то барои қарор нагирифтан дар самти торикии таърих бар тасмими низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ирсоли паҳпод ба Русия таъсир бигузорад ва ҳамдаст ба истилоҳ терор ва иръоби Русия нашаванд.

Дар вокуниш ба изҳороти Зеленский, Носири Канъонии Чофи сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ намуд ки иддаоҳои воҳии раиси Ҷумҳурии Украина бо ҳадафи ҷалби кумакҳои таслиҳотии ғарб аст.

Носири Канъонии Чофи ин суханонро фарофикани ба манзури инҳирофи афкори умуми ва намоиши сиёсӣ таваум бо иддаоҳои бесос тавсиф кард ва онро беарзиш донист ва таъкид кард: Такрори иддаоҳои воҳии раиси Ҷумҳурии Украина зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамнавози бо ҷанги таблиғи ва расонаи меҳвари зидди эронӣ зидди давлат ва миллати Эрон аст ва бо ҳадафи ҷалби ҳар чи бештари кумакҳои таслиҳоти ва молии кишварҳои ғарби сурат мегирад.

Украина ва бархе аз кишварҳои ғарби аз ҷумла Амрико дар моҳҳои гузашта муддаи шуданд Эрон паҳподҳои мушахасан аз навъи Шоҳид131 ва Шоҳид 136-ро барои истифода дар ҷанги Украина дар ихтиёри Русия қарор дода аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо ин иддаоҳоро рад карда аст Теҳрон эълом кард, ки дар ин ҷанг мавзеъи бетарафи дорад бо ҷанг мухолифат мекунад ва хостори барқарории оташбас ва суҳл дар Украина аст дар ҳоли ҳозир Эрон аз оғози ҷанги Украина бар лузуми дастёбии Русия ва Украина ба роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҳалуфасли ихтилофот ва гуфтугу дар ин замина таъкид карда аст.

Албата Теҳрон гомҳои амали низ дар ин арса бардошта аст дар ин росто Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар охири моҳи августи соли 2022 дар сафари ба Маскав бо мақомоти аршади Русия аз ҷумла Сегей Лавров вазири хориҷаи ин кишвар дар заминаи ҷанги Украина ва миёнҷигарии Теҳрон дидор намуд.

Ин сафар ба дунболи дархости Эмануэл Макрон раиси Ҷумҳурии Фаронса аз Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт, ки хаста буд то Эрон миёнҷигари дар бораи ҷанги Русия зидди Украинаро ба уҳда бигирад.

Ҳамчунин Амир Абдуллоҳиён дар 25 апрели соли 2023 дар дидори Мотрин Грифитс муовини дабири кулли Созмони Милал дар Теҳрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳеҷ тарафи дар ҷанги Украина кумаки низомӣ намекунад ва ҷангро роҳиҳал намедонад ва аз ҳокимият ва тамомияти арзии кишварҳо аз ҷумла Украина ҳимоят мекунад.

Масъалаи муҳиме ки бояд дар заминаи иттиҳомзании ҷадиди Зеленский хотирнишон шавад ин аст ки чаро вақти Амрико ба сурати паёпай таҳримҳои густарда ва бесобиқаро зидди Эрон ба виза дар даврони раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии собиқи Амрико пас аз хуруҷи аз БарҶом дар соли 2018 ба иҷро даровард ва ҳанузҳам онҳоро идома медиҳад у ҳеҷ эътирози ба ин иқдоми ғайриқонуни ва зидди инсонии Вашенгтон накарда аст.

Бояд пурсид Зеленский акнун куҷо аст то аз мардуми Амрико бихоҳад дар самти торикии таърих наестанд ва террор ва иръоби Амрико зидди Эрон нашаванд дар воқеъ раиси Ҷумҳурии Украина дар ростои ҷалби назари Вашенгтон ҳамвора мудофеъи сиёсатҳо ва иқдомоти зидди эронии Амрико буда аст.