Май 29, 2023 11:48 Asia/Dushanbe
  • Путин пирузии Эрдаган дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркияро табрик гуфт
    Путин пирузии Эрдаган дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркияро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Русия дар паёми пирузии Реҷеп Тайип Эрдоган дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркияро ба вай табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия дар паёми пирузии Реҷеп Тайип Эрдоган дар даври дувуми интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркияро табрик гуфт ва ин мувафақиятро ноши аз ҳимояти мардум ва талошҳои фидокорона ва сиёсати хориҷии мустақили вай донист.

Путин дар ин паём аз талоши Эрдоган барои тақвияти равобити дустана миёни Русия ва Туркия ва ҳамкории судманди мутақобил дар бахшҳои мухталиф қадрдони кард.

Натоиҷи шумориши 99.67 райи мардум дар даври дувуми интихоботи Туркия нишон медиҳад, ки Эрдаган номзади эътилофи ҷумҳури бо касби беш аз 27 миллиону 600 ҳазор рай муъодили 52.13 дарсад райи мардуми пирузи сездаҳумин даври интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркия шуда аст.