Май 30, 2023 10:29 Asia/Dushanbe
  •  Коҳиши саҳми доллар дар мубодилоти ҷаҳонии Русия

Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки саҳми доллар дар мубодилоти ин кишвар бо шариконаш рӯз ба рӯз дар ҳоли коҳиш аст .

Раванди долларзудоӣ дар ҷаҳон аз ҳангоме, ки давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳӯри Амрико тасмим гирифт таҳримҳои густардаеро алайҳи Русия ба баҳонаи ҷанги Украина ҷорӣ кунад, суръат ёфт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия душанбешаб бо баёни инки Маскав истифода аз арзҳои миллӣ дар мубодилот бо шуракои худро афзоиш медиҳад, гуфт : Раванди истифода аз арзҳои миллӣ дар тасвияи ҳисобҳои Русия ва кишварҳои шарик  шитоби бештаре хоҳад гирифт .
Лавров афзуд : Ин раванд на танҳо дар мавриди Африқо балки дар мавриди Амрикои лотин ва дӯстони осиёии мо аз ҷумла Эрон, Ҳинд ва Чин амал мекунад .
Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин бо ишора ба эдеяи раиси ҷумҳӯри Бразилия дар бораи тамаркуз бар тавсеаи механизмҳои пардохте ки мубтанӣ бар доллар ё евро нест, гуфт : Бар асоси тасмимоту тавофуқоте, ки дар оянда аз ҷумла дар чорчӯби Банки тавсеаи ҷадиди Брекс анҷом хоҳад шуд, раванди истифода аз арзҳои ҷойгузини доллару евро низ таҳаққуқи бештаре меёбад .
Пештар муовини нахуствазири Русия низ гуфта буд, ки табодулот миёни аъзои иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ( EAEU ) тақрибан ба таври комил бо истифода аз арзҳои миллӣ анҷом мешавад.
Ба гуфтаи ин мақоми русӣ саҳми арзҳои миллӣ дар табодулот миёни аъзои ин иттиҳодия дар моҳи марти соли ҷорӣ ба 90 дарсад расидааст.
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп