Апрел 25, 2023 18:18 Asia/Dushanbe
  • Тазъифи арзиши доллар метавонад ба нафъи кишварҳое бошад, ки дар ҳоли ҳозир тавассути Амрико таҳрим шудаанд
    Тазъифи арзиши доллар метавонад ба нафъи кишварҳое бошад, ки дар ҳоли ҳозир тавассути Амрико таҳрим шудаанд

Музокироти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (EAEU) ва Ҳинд ба манзури эҷоди минтақаи тиҷорати озоди муштарак оғоз шудааст, иқдоме, ки аз уфӯли бештари қудрати "доллар" дар ҷаҳон ҳикоят дорад.

Денис Мантуров, муовини нахуствазир ва вазири саноат ва тиҷорати Русия дар остонаи 24-умин нишасти Камиссиюни байндавлатии ин кишвар ва Ҳинд, бо ишора ба қасди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (EAEU) барои эҷоди як минтақаи тиҷорати озоди муштарак бо Деҳлии Нав гуфт, барномарезӣ шуда то дар чорчӯби амалиёти тиҷории ду ҷониба аз арзҳои миллии ду кишвар ба таври густарда истифода шавад.

Мантуров гуфт, мо аҳаммияти вижае ба масоили дастрасии мутақобили маҳсӯлот ба бозорҳои кишварҳоямон медиҳем ва ҳамроҳ бо Камиссиюни иқтисодии Авруосиё, интизор дорем, ки музокирот бо Ҳинд дар мавриди тавофуқномаи тиҷорати озодро тасреъ кунем.

Тардиде нест, ки эҷоди минтақаи озоди тиҷории муштарак миёни Ҳинду Авруосиё, аз ҷумла роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду тараф аст. Ин ҳамкориҳо алалхусус пас аз талошҳои муштараки Ҳинду Русия ба манзури ҳазфи доллар аз муомилоти тиҷорӣ миёни худ, аз аҳаммияти ҳарчӣ бештаре бархӯрдор шудааст. Дар айни ҳол, тамомии кишварҳои ҷаҳон ба ин ҳақиқат пай бурдаанд, ки "доллар" яке аз муҳимтарин иброзҳои сиёсатмадорони амрикоӣ ба манзури пешбурди аҳдофу хостаҳои худ дар соири кишварҳо ва манотиқи стротежии ҷаҳон аст. Сиёсатмадорони амрикоӣ ба манзури фишор бар кишварҳои дигар аз тариқи султаи доллару таҳримҳои иқтисодӣ истифода мекунанд. Зеро таҷрибаи Амрико аз ҷанг, таҷрибаи шикастхӯрдае аст ва ба ҳамин далел, мақомҳои Кохи Сафед барои пирӯзӣ дар баробари руқабои худ ба ҷои ҷанг аз абзори таҳримҳои иқтисодӣ истифода мекунанд.

Бадеҳист, ки таҳримҳои Амрико замоне асаргузор аст, ки доллар дар муомилоти кишварҳои мустақил ба унвони арзи мабнои мавриди истифода қарор бигирад. Дар ин шароит, бисёре аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Русия, Ҳинд, Туркия, Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба манзури ҳазфи доллар аз муомилоти мутақобил иқдом кардаанд.

Дар пайи иқдоми бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барои ҳазфи доллар аз мубодилоти иқтисодӣ, блоки иқтисодии кишварҳои дар ҳоли тавсеа низ эҷоди як захираи арзии ҷадид ва ҳазфи долларро дар дастури кор қарор додаанд. Дар ҳамин иртибот, бар асоси эъломи Бонки марказии Индонезия, дар пайи иқдоми кишварҳои узви "БРИКС" барои ҳазфи доллар аз мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷории худ ин кишвар низ иқдоми мушобиҳеро анҷом медиҳад. Индонезия маъмулан бо кишварҳое назири Таиланд, Малайзия, Чин ва Ҷопон мубодилоти ғайри долларӣ анҷом медод ва ҳол дар назар дорад, ки тавофуқи ҳамкориро бо Кореяи Ҷанбиро дар авоили моҳи майи соли ҷории милодӣ имзо кунад.

Пеш аз ин, кишварҳои узви БРИКС муташаккил аз Бразилия, Русия, Индонезия, Чин ва Африқои Ҷанубӣ эълом карда буданд, ки рӯи шабака пардохти муштарак барои ҳазфи доллар ва системаи молии Ғарб аз мубодилоташон иқдом мекунанд. Ин кишварҳо мусаммам шудаанд истифода аз арзҳои миллии худро дар мубодилоти дуҷониба ва чандҷониба ба манзури камранг кардани доллар аз мубодилоти худ афзоиш диҳанд. Бразилия ва Чин дар моҳи гузаштаи милодӣ тавофуқи тиҷорӣ бо арзҳои миллии худро имзо карданд Чин талош мекунад, долларро дар байни кишварҳо ҷаҳон ба чолиш бикашад.

Тазъифи арзиши доллар метавонад ба нафъи кишварҳое бошад, ки дар ҳоли ҳозир тавассути Амрико таҳрим шудаанд. Дар ин шароит, Ҳинд низ сиёсатҳои хубе барои каноргузоштани доллар аз мубодилот ва гароиш ба самти рубл ва рупия дар мубодилоти худ бо Русия анҷом додааст. Дар ҳақиқат кишварҳои мустақили ҷаҳон ба ин натиҷа расидаанд, ки истифода аз доллар дар тиҷоратҳои ҷаҳонӣ иқтисодашонро сол ба сол заъифтар кардааст ва дар иваз ба иқтисоди Амрико кумак мекунад. Бинобар ин, барномаи густардае ба манзури ҳазфи доллар аз мубодилоти худ иҷро мекунанд.

Пеш аз ин, Русия барномаи долларзудоӣ аз иқтисоди худро дар соли 2014 калид задааст. Ҳамон замон буд, ки Ғарб нахустин даври таҳримҳои худро алайҳи ин кишвар бар сари шибҳи ҷазираи Қрим эъмол кард. Русия истифода аз арзи ҷойгузинро муаррифӣ кард ва қарор шуд ба дастури Путин, истифода аз арзи юан дар сатҳи густардатаре на танҳо бо Чин балки дар мубодила бо кишварҳо африқоӣ ва Амрикои Лотин идома ёбад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп