Март 30, 2023 18:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷории Чину Бразилия

Давлатҳои Чину Бразилия аз тавофуқе хабар доданд, ки ба мӯҷиби он доллари Амрико аз мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар канор гузошта мешавад.

Чин дар моҳҳои гузашта низ муваффақ шуд дар иртибот бо мубодилоти арзӣ бо бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, Арабистони Саудӣ ва Покистон ба тавофуқе мушобеҳ даст ёбад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ин тавофуқ ба Ҷумҳурии Халқии Чин, дар мақоми аслитарин рақиби роҳбурдии Иёлоти муттаҳида дар ҳавзаи иқтисод ва Бразилия, ба унвони бузургтарин иқтисоди минтақа мавсум ба Амрикои Лотин, ин ихтиёрро медиҳад то дар мубодилоти тиҷориашон бо якдигар ё аз воҳиди пули Чин (юан) истифода кунанд ё реал, ки воҳиди пули Бразилияастро мавриди истифода қарор диҳанд.

Ожонси тиҷорату ташвиқи сармоягузории Бразилия (ApexBrasil) бо интишори баёнияе дар ин маврид навишт: «интизор меравад, ки ин тавофуқ ҳазинаҳоро коҳиш диҳад, мӯҷиби иртиқои тиҷорати дуҷониба шаваду сармоягузориро тасҳил кунад.»

Мақомҳои Чину Бразилия ҳамчунин эълом карданд, аз ин ба баъд мубодилоти арзӣ миёни ду кишвар ё аз тариқи Бонки санъатӣ ва тиҷории Чин анҷом хоҳад шуд ё ба воситаи Бонки иртибототи Бразилия.

 

Барчасп