Таниш дар марзи муштараки Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро ба нақзи банди тавофуқи оташбас муттаҳам карданд.
Аз замони ақди тавофуқномаи оташбас байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ва поёни ҷанги 44 рӯзаи Қарабоғ дар соли 2020, низомиёни ду кишвар борҳо дар манотиқи марзӣ даргир шудаанд ва ҳар бор низ ҳар як дигареро оғозгари даргирӣ муаррифӣ кардааст.
Ин даргириҳо дар ҳафтаҳои ахир ташдид шуда то ҷое ки мақомоти арманӣ ва озариро ба талош барои бастани дубораи тавофуқи сулҳ водор кардааст.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории “Форс”, Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи сешанбе тарафи муқобилро дар нақзи оташбасу гулулаборони он сӯи марз муттаҳам карданд.
Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард, неруҳои мусаллаҳи Арманистон мавозеи неруҳои озариро дар Оғдом ва Шушо гулулаборон карданд.
Вазорати дифои Арманистон билофосила иддаои Бокуро рад кард. Ин вазоратхона ҳамзамон тасовире аз ҳамлаи хумпораии неруҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба мавозеи неруҳои арманӣ мунташир ва эълом кард, ки неруҳои ин кишвар дар ин гулулаборон мутаҳаммили талафоте нашудааст.
Арманистон дар ҷанги Қарабоғ контроли бахшҳое аз ин минтақаро ба нафъи тарафи озарӣ аз даст дод.
Ҷодаи Қарабоғи кӯҳистонӣ – Арманистон аз охирин моҳи соли 2022 дар тасарруфи неруҳои озарӣ қарор дорад. Бо ишғоли ин ҷода 120 ҳазор тан аз сокинони Қарабоғи кӯҳистонӣ дар таҳияи мояҳтоҷи зарурӣ бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Ҷараёни барқ, об, газ ва хутути телефону интернети ин минтақа низ борҳо қатъ шудааст.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон душанбеи 22 май эълом кард, Ереван ҳозир аст дар сурати риояти ҳуқуқу амнияти арманиҳои сокини Қарабоғи кӯҳистонӣ ин минтақаро ба унвони бахше аз хоки ҷумҳурии Озарбойҷон ба расмият бишносад.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон низ якшанбеи 28 май дар вокуниш ба ин изҳорот эълом кард, ду кишвар ба тавофуқномаи сулҳ наздик шудаанд.
Аммо бо вуҷуди ин изҳороти хушбинона, неруҳои озариву арманӣ ҳамчунон ба сӯи якдигар оташ мекушоянд.