Интиқоди Лавров аз изҳороти зидди русии сафири Амрико
Вазири хориҷаи Русия бо интиқод аз иттиҳомоти матраҳшуда аз суи сафири Амрико дар Африқои Ҷанубӣ дар бораи ирсоли таслиҳот аз суи Претория ба Русия гуфт: Сафири Амрико бар кори худ тамаркуз кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон вазири хориҷаи Русия бо ишора ба иддаои Бригити дар бораи ирсоли силоҳ тавассути киштии бори Лиди Ор ба Русия изҳор кард: Дар баҳси таъимни таслиҳот Русия бар хилофи кишварҳои ғарби пуштибони Украина ҳаргиз ҳанҷорҳои байналмилалиро нақз накарда аст.
Вай бо ишора ба ироаи гулулаҳои урониюми заифшуда аз суи дустони Киев барои неруҳои украинӣ хотирнишон кард: Кишварҳои ғарби дар ҳоле, ки бетерафии худро дар қиболи руйдодҳои Украина эълом мекунанд ҳамчунон ба ирсоли ҷадидтарин силоҳҳои дурбурд ва ноамн ба Киев идома медиҳанд силоҳои ноамне, ки ҳатто ба истифодакунандагони он силоҳ низ осеб мезанад.