Июн 01, 2023 17:21 Asia/Dushanbe

Шуюъи вируси нави танаффусӣ ин бор аз Амрико мавридҳои ибтило ба вируси инсонӣ дар баҳор афзоиши ногаҳонӣ ёфт ва шуюъи ин вирус муҷиб шуд тахтҳо дар бемористонҳо ишғол шавад.

Дар ҳоле ки мавориди корона ва бемории танаффусӣ дар ҳоли коҳиш аст,як вируси танаффусии ҷадиди мавсум ба “метапневмовируси инсонӣ дар ҳоли густариш аст . Авоили моҳи март натиҷаи ҳудуди 20 дарсад аз озмоишҳои антиген ва ҳудуди 11 дарсад аз озмоишҳои PCR дар бораи ибтило ба ин вирус дар Амрико мусбат буда аст.
Аммо метапневмовируси инсонӣ чист ? Ин вирус як вируси танаффусии шойеъ аст, ки метавонад маҷории танаффусии болоӣ ва поинаро дар ҳама гуруҳҳои синнӣ даргир мекунад . Мавориди шадиди ибтило ба ин вирус метавонад ба бронхит ва зуком мунҷар шавад . Давраи дармони ин вирус ҳудуди 3 то 6 рӯз ва муддати беморӣ баста ба шиддати он тағйирёбанда аст .

 

Барчасп