Филм / исломҳаросии давлати Британия бо таътилии Маркази исломӣ
(last modified Sat, 03 Jun 2023 05:57:06 GMT )
Июн 03, 2023 10:57 Asia/Dushanbe
  • Филм / исломҳаросии давлати Британия бо таътилии Маркази исломӣ

Садҳо мусулмон аз миллиятҳои мухталиф дар эътироз ба иқдоми давлати Британия дар бораи таътилии муваққати Маркази исломии ин кишвар дар баробари ин марказ таҷаммуъ карданд .

Маркази исломии Британия яке аз конӯнҳои аслии иҷтимои мусулмонон аз миллиятҳои гӯногӯн барои анҷоми фароизи динӣ ва ойинҳои мазҳабӣ дар Лондон аст, ки ба вижа дар моҳҳои ахир борҳо дар баробари дидагони полис ҳадафи ҳамалоти гуруҳҳои мухталифи зиддиинқилоб,таҷзияталабон ва мухолифони ислому Ҷумҳурии исломии Эрон қарор гирифтааст .
Дар ҳамин ҳол даҳҳо нафар аз мусулмононе, ки ба таътилии муваққати Маркази исломии Британия эътироз доранд, маросими намози ҷамоати мағрибу ъишо, дуои Кумайл ва низ ҷашни милодии ҳазрати Имом Ризо ( ъ )-ро шаби ҷумъа дар баробари сохтмони ин марказ баргузор карданд .
Масъуди Шаҷара-раиси Комиссиюни ҳуқуқи башари исломӣ дар Британия гуфт: Таътилии Маркази исломии Британия дар Лондон барномае аз пеш тарроҳишуда барои эҷоди исломи амрикоӣ аст, ки баёнгари назари онон бошад.
Шаҷара афзуд мусулмонон аз ин масҷид барои намозу дуо ва анҷоми ойинҳои мазҳабӣ ва дигар маросимҳо истифода мекунанд ва барои нигаҳдории ин макон довталаб ҳастанд ва ҳазина пардохт мекунанд .