Июн 07, 2023 18:16 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи парвозҳо байни Эрон ва Арманистон
    Тавсеаи парвозҳо байни Эрон ва Арманистон

Раиси ҳайати мудираи ширкати ҳавопаймоии "Флай Ван Армения" гуфт, тасҳилу густариши хутути ҳавоӣ миёни Эрону Арманистон идома ва тавсеаи он дар густариши равобиту таомули мардуми ду кишвар муассир хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории Донишҷӯёни Эрон (ИСНА), Ором Онониён, раиси ҳайати мудираи ширкати ҳавопаймоии "Флай Ван Армения" дар нишасти хабарие, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар сафорати Арманистон дар Теҳрон ва дар ҳузури сафири ин кишвар баргузор шуд, бо ишора ба оғоз ба кори ширкати ҳавопаймоии «Флай Ван Армения» дар Эрон афзуд: Ин ширкати ҳавопаймоӣ аз соли 2022 дар заминаи иртибототу хутути ҳавопаймоӣ парвозҳои худро густариш додааст ва дар соли 2023 ин раванд идома хоҳад дошт.

 

Барчасп