Катибаи форсии болои меҳроби масҷиде дар шаҳри Дарбанди Русия
(last modified Tue, 13 Jun 2023 06:18:20 GMT )
Июн 13, 2023 11:18 Asia/Dushanbe
  • Катибаи форсии болои меҳроби масҷиде дар шаҳри Дарбанди Русия

Катибаи форсии болои меҳроби масҷиде дар шаҳри Дарбанд(Дербент)и Русия шиносоӣ шуд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, узви ҳайати илмии пажӯҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон гуфт : Масҷид ба ду исми « калисо-масҷид » ва масҷиди « Тавба » номида мешавад ва болои меҳроби он бо шеъри форсӣ тазйин шудааст .

Муртазо Ризвонфар афзуд : « Калисо-масҷид » эҳтимолан аз андак масоҷиди ҷаҳон аст, ки муддате ба килисо табдил шуд ва номи дугона ёфтааст ва байти « чор чиз овардаам ё Раб ( Шоҳо ), ки дар ганҷи ту нест/ нестиву ҳоҷату узру гуноҳ овардаам » аз шоире ба номи Сӯзании Самарқандӣ рӯйи меҳроби он нақш бастааст.

Ин пажӯҳишгар гуфт : Илова бар ин масҷид болои меҳроби масҷиди « Шоҳ Аббос » дар шаҳри Дарбанд ҳам шеъри форсӣ нақш бастааст .

Ризвонфар афзуд : Шаҳри Дарбанд аз ҷумлаи шаҳрҳои муҳимме аст, ки ба воситаи аҳдномаи Гулистон аз Эрон ҷудо шудааст ва акнун қадимитарин ва танҳо шаҳри аксарият шиъанишини Русия аст.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгар дар соли 1806  артиши Русия вориди шаҳри Дарбанд шуд ва сохтимони масҷидро ба калисо табдил карданд ва беш аз 40 сол баъд сохтмони масҷид ба мусулмонон бозгардонда шуд. Дубораи соли 1936 дар давраи динситезӣ сохтмони масҷид ба музей табдил шуд ва ниҳоятан дар 1994 дубора корбарии масҷид пайдо кард, ки албата дар бозсозии масҷид  гунбади он ҳазф шуд .
Узви ҳайати илмии пажӯҳишгоҳи мироси фарҳангӣ ва гардишгарӣ гуфт : Ин масҷид ҳамчунин ҷузви биноҳои ёдшуда дар парвандаи сабти ҷаҳонии шаҳри Дарбанд дар ЮНЕСКО аст.

Бештар бихонед :