Июн 19, 2023 22:20 Asia/Dushanbe
  • Рақобати Байден ва Трамп
    Рақобати Байден ва Трамп

Байден эълом кард, сиёсатҳояш боиси иштиғолофаринӣ шудаву табақаи мутавасситро боло бурдааст. Байден гуфт, ҳамакнун замони он аст, ки сарватмандон дар ҳавзаи молиёт саҳми одилонаи худро бипардозанд.

Интихоби Филаделфия ва Пенсилвания ба унвони нахустин таваққуфгоҳи корзори интихоботии расмии Байден мунъакискунандаи нақши ҳаётии онҳо дар талошҳои вай барои интихоби муҷаддад дар мақоми раисиҷумҳури Амрико аст.

Оғози расмии корзори интихоботии Ҷо Байден, ки ба эҳтимоли қавӣ номзади ниҳоии демократҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 хоҳад буд, ба манзалаи такрори набарде аст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 бо Доналд Трамп номзади ҷумҳурихоҳон дошт, ки албатта бо пирӯзии Байден хотима пазируфт. Дар фароянди интихоботии кунунӣ низ бо вуҷуди додгоҳӣ шудани Трамп ва эъломи ҷурм алайҳи вай, ки ҳатто мумкин аст ба маҳкумияти зиндони вай хотима пазирад, аммо бо тавваҷуҳ ба назарсанҷиҳо дар бораи номзадҳои ҷумҳурихоҳон барои интихоботи 2024, Трамп ҳамчунон болотарин дарсади маҳбубиятро байни ин номзадҳо доштаву лизо ба эҳтимоли қавӣ ӯ рақиби ниҳоии Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 Амрико хоҳад буд.

Дар ин замина нашрия “Ҳил” навишт, ки 59 дарсад аз раъйдиҳандагони ҷумҳурихоҳ гуфтанд, ки агар интихоботи муқаддамотии ҷумҳурихоҳон имрӯз баргузор шавад, ба Доналд Трамп раъй медоданд. Ҳамчунин натоиҷи як назарсанҷии ахир ҳокӣ аз он аст, ки 45 дарсад аз посухдиҳандагон гуфтанд, ки агар интихоботи 2024 имрӯз баргузор шавад, ба Трамп раъй медиҳанд, дар ҳоле ки 39 дарсад аз Байден ҳимоят мекунанд. Ба ин тартиб, Байден бар хилофи интихоботи қаблӣ, ки метавонист рӯйи шиорҳову ваъдаҳои худ барои ҷалби раъйдиҳандагони амрикоӣ ба нафъи худ ҳисоб кунад, аммо бо тавваҷуҳ ба амалкарди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати хориҷии ӯ, акнун ин шиорҳову ваъдаҳо ҷаззобияти камтаре барои шаҳрвандони ин кишвар хоҳад дошт.

Дар айни ҳол масъалаи вазъияти ҷисмониву рӯҳиву равонии Ҷо Байден, ба вижа саломати зеҳнии вай акнун мавриди тардиди ҷиддӣ қарор гирифтааст. Байден дар се соле ки аз раёсати ҷумҳурии ӯ мегузарад, дар мавориду мавқеиятҳои зиёде ҳаракоти номатаориф аз худ нишон додаву лағзишҳои забонии зиёде низ доштааст.

Дар охирин маврид Байден дар як суханронӣ дар донишгоҳи Ҳортфорди иёлати Коннектикут суханони худро бо иборати «Худованд маликаро ҳифз кунад» поён дод. Ин дар ҳолест, ки ин иборат дар замони ҳаёти Элизабети дувум, маликаи пешини Британия ба кор мерафт. Бо тавваҷуҳ ба синни Байден, ки акнун 80 сола шудааст, лағзиши забонӣ шояд то ҳадде қобили тавҷеҳ ба назар бирасад, бо ин ҳол барои шуғле ки амрикоиҳо онро муҳимтарин шуғл медонанд, яъне раёсати ҷумҳурии Амрико бояд раиси ҷумҳурии ин кишвар камтарин лағзиши забониро дошта бошад, ки албатта Байден чунин нест ва мутмаинан дар оянда бадтар низ хоҳад шуд.

Масъалаи дигар ин аст, ки ба рағми бархе дастовардҳои иқтисодӣ монанди коҳиши нархи таваррум дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 ва низ коҳиши қобили тавваҷуҳи омори бекорӣ дар 23 иёлати Амрико ба зери 3 дарсад ва низ коҳиши ибтило ба вируси корона ва бемории Ковид -19 дар Амрико, аммо Байден ҳамчунон бо чолишҳои муҳими дохилӣ монанди муъзали бузургу лоянҳали озодии ҳамли силоҳи гарм дар Амрико ва хушунатҳои мусаллаҳона, ҳал нашудани буҳрони муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва дар воқеъ ташдиди ин буҳрон дар чанд соли ахир, идомаи табъизи нажодӣ ва хушунати полис алайҳи сиёҳпӯстон мувоҷеҳ аст. Зимни ин ки кашокашҳои бузурге байни Кохи сафед бо ҷумҳурихоҳон бар сари масоиле монанди озодӣ ё мамнуияти сиқти ҷанин дар Амрико, интиқодоти шадиди ҷумҳурихоҳон ва бисёре аз шаҳрвандони амрикоӣ аз сиёсати Кохи Сафед дар қиболи ҳамҷинсгароёну тазъифи бунёни хонавода ва низ рӯйкарди давлати Амрико дар қиболи ҷанги Украина ва наҳваи бархӯрд бо Эрон ва тавофуқи ҳастаии БарҶом вуҷуд дорад.

Дар маҷмаъ Байден ночор хоҳад буд дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ зимни исботи ин ки сиёсатмадоре шоиставу воҷиди шароити ҷисмониву равонии лозим барои тасаддии дубораи пости раёсати ҷумҳурии Амрико аст, битавонад посухҳои қонеъкунандае ба иттиҳомоту интиқодоти зиёди ҷумҳурихоҳон, ба вижа Доналд Трамп ба унвони номзади эҳтимолии ҳизби ҷумҳурихоҳ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 дар ҷараёни корзорҳои интихоботӣ ироа диҳад.

 

Барчасп