Июн 20, 2023 10:37 Asia/Dushanbe
  • Дархости Русия барои таҳқиқ дар бораи ҷиноёти ҷангии Амрико дар Афғонистон

Ҳайати Русия дар сеюмин иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид идомаи ҷамъоварии иттилооту таҳқиқот дар мавриди ҷиноёти Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро хостор шуд.

Амрико пас аз ду даҳа ишғоли Афғонистон бидуни ҳеҷ барномае дар августи 2021 хоки Афғонистонро тарк кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ярослав Ерёмин, дипломати рус дар ин нишаст гуфт: Ҷомеъаи байналмиллалӣ бояд ҷиноёти ҷангиро, ки низомиёни Амрико ва НАТО дар тӯли ҳузури 20 солаи худ дар Афғонистон муртакиб шуданд, ба хотир бисупорад .
Узви ҳайати русӣ таъкид кард,ки мо муътақидем ки идомаи кор барои ҷамъоварии иттилооту ифшои ҷиноёти Амрико ва НАТО дар Афғонистон ва низ ошкор кардани онҳо муҳим
аст .
Ерёмин таъкид кард талошҳои Амрико ва муттаҳидонаш барои сиёсӣ кардани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва муртабити сохтани он бо иҷрои бархе таъаҳҳудот ғайри қобили қабул аст .
Ин дипломати русӣ гуфт: Маскав итминон дорад, ки фақат сулҳи дарозмуддат дар Афғонистон ба тавсеаи матлӯби кулли минтақа кумак хоҳад кард . Ерёмин афзуд: Русия аз давлати муваққати Афғонистон мехоҳад, то ба ваъдаи худ мабнӣ бар ташкили як системаи ҳукӯматии фарогир бо дар назар гирифтани манофеи ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва сиёсии калидӣ, тақвияти мубориза бо тероризму мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру тазмини ҳуқуқу озодиҳои асосии мардуми Афғонистон амал кунад .
Пештар Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки Амрико фаъолона аз ДИИШ ва Алқоъида ва иқдомоти бесаботкунандаи ҳамсӯ бо манофеи худ дар Афғонистон ҳимоят мекунад.
Русия борҳо аз ҳимояти мустақими Вашингтон аз ДИИШ дар замони ҳузури низомӣ дар Афғонистон ва низ пас аз он хабар дода ва ин иқдомро башиддат мавриди интиқод қарор додааст. Аз дидгоҳи Маскав ҳадафи Амрико тадовуми бесаботӣ дар Афғонистон ва низ тақвияти гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар, аз ҷумла ДИИШ ва Алқоъида аст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп