Ифшои пулшуии хонаводаи Байден дар ширкати гази Украина
Номаҳои электронии фошшуда аз сӯи як ширкати гази украинӣ нишон медиҳад раиси ҷумҳӯри Амрико ва писараш дар пулшуии ин ширкат мушорикат доштаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Daily Mail, Ҳантер Байден-писари Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико ва як ширкати гази украинӣ дар эҷоди ҳисобе дар як бонки хориҷӣ, ки пас аз таҳқиқоти пулшуӣ баста шуд, мушорикат доштаанд.
Номаҳои электронии ба даст омада баёнгари он аст, ки ширкати гази украинии Бурисма, дар соли 2014 писари раиси ҷумҳурии феълии Амрикоро истихдом кард ва ҳисоби муштарак бо ӯ дар Малта эҷод кард, ки баъдҳо дар паи таҳқиқоти молӣ баста шуд .
Бар асоси муҳтавои гузоришоти ифшошуда молики ширкати украинӣ 10 миллион доллар барои Ҳантеру падараш ирсол карда буд.
Дастгоҳи қазоии кишвари Малта аз як муомилаи машкук дар мавриди фурӯши як саккуи нафтӣ аз сӯи Бурисма хабар додааст .
Рӯзномаи Таймси кишвари Малта дар декабри 2020 гузориш дода буд, ки дар парвандаи додгоҳи ин кишвар барои Микола Золчевский, молики Бурисма маълум шуда, ки вай дар соли 2014 барои шаҳрвандии Малта дархост додааст .
Дар соли 2014 низ Золчевский ва Бурисма аз сӯи дастгоҳи қазоии кишвари Британия низ мавриди пайгарди қонӯнӣ қарор гирифта буданд, ки албатта ин парванда бидуни натиҷа баста шуд.
Дар ҳафтаҳои ахир ифшои тахаллуфоти молӣ ва фасоди ахлоқии писари Байден мавҷӣ аз интиқодотро барои раиси ҷумҳурии Амрико дар пай доштааст.