Июн 20, 2023 12:01 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Аврупо бастаи кумакии 50 миллиардевроӣ барои Украина омода кардааст

Блумберг сешанбе гузориш дод, ки Иттиҳодияи Аврупо омодаи як бастаи молии 50 миллиардевроӣ ( 55 миллиард доллар ) барои кумак ба Украина пешниҳод бидиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин пешниҳоди Комиссиюни Аврупо ба давлати Украина кумак хоҳад кард, то ҳазинаҳои ҷориро таъмин карда ва буҷети лозим барои авлавиятҳои фаврии умронӣ дошта бошад .
Ин баста қарор аст сешанбе ва қабл аз конфаронси ҳафтаи ҷорӣ дар Лондон эълом шавад, аммо эҳтимол дорад тағироте дар он эҷод шавад. Дар конфаронси Лондон дар бораи бозсозии Украина баҳс шавад.
Ба гуфтаи манобеи огоҳ Комиссиюни Аврупо намехоҳад таъаҳҳуди сангине барои кумак ба бозсозии як кишвар дар ҳоли ҷанг қабул кунад . Ба ҳамин далел ин бастаи кумакии пешниҳодӣ қарор аст дар қолаби қарз ва кумакҳазина барои иҷрои бархе пружаҳо ироа шавад.
Бонки ҷаҳонӣ тахмин задааст, ки бозсозии Украина ба 411 миллиард доллар пул ниёз дорад.
Бастаи пешниҳодии Аврупо қарор аст дар фосилаи солҳои 2024 то 2027 ба Украина дода шавад . Ин дар ҳоле аст, ки аъзои Иттиҳодияи Аврупо барои таъмини молии буҳрони энержӣ ва паёмадҳои корона бо фишори молӣ мувоҷеҳ ҳастанд.
Як манбаи огоҳ, ки номаш фош нашудааст ба Блумберг гуфт, ки бастаи пешниҳодии ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо бархилофи бастаҳои қаблӣ ба ҷои онкӣ аз бозорҳо истиқроз шавад, аз тариқи кумакҳои молии аъзои иттиҳодия таъмин хоҳад шуд.
Аъзои Иттиҳодияи Аврупо аз ибтидои ҷанги Украина то кунун ҳудуди 38 миллиард евро кумаки иқтисодӣ дар ихтиёри ин кишвар қарор додаанд.
 

 

Барчасп