Русия ҳамлаи паҳподӣ ба аҳдофе дар атрофи Маскавро хунсо кард
(last modified Wed, 21 Jun 2023 12:49:34 GMT )
Июн 21, 2023 17:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподӣ ба вилояти Маскав
    Ҳамлаи паҳподӣ ба вилояти Маскав

Вазорати дифои Русия эълом кард, талоши Киев барои анҷоми ҳамлаи паҳподӣ алайҳи аҳдофе дар минтақаи Маскав ноком монд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Вазорати дифои Русия рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, имрӯз талоши режими Киев барои ҳамлаи террористӣ ба аҳдофе дар вилояти Маскав бо се ҳавопаймои бидуни сарнишин (паҳпод) хунсо шуд.

Дар ин баёния омадааст, ҳамаи паҳподҳо бо истифода аз таҷҳизоти ҷанги электронӣ мутаваққиф шудаанд.

Андрей Воробёв, фармондори минтақаи Маскав низ рӯзи чаҳоршанбе ( 21 июн) эълом кард, артиши Русия ду паҳподро ҳини наздик шудан ба анборҳои як пойгоҳи низомӣ дар ин минтақа раҳгирӣ кард.

Фармондори минтақаи Маскав бо баёни ин ки паҳподҳо наздики рустои Колинин суқут карданд, афзуд: Лошаи онҳо пайдо шуд, аммо хисорат ё талафоте ба ҳамроҳ надоштааст.

Тибқи ин гузориш ва ба нақл аз манобеи ношинос, паҳподи дигаре ҳам наздики рустои Лукино, дар вилояти Маскав соқит шудааст.