Музокироти Туркия бо Русия ва Чин барои сохти неругоҳи ҳастаӣ
(last modified Thu, 22 Jun 2023 07:18:51 GMT )
Июн 22, 2023 12:18 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Туркия бо Русия ва Чин барои сохти неругоҳи ҳастаӣ
    Музокироти Туркия бо Русия ва Чин барои сохти неругоҳи ҳастаӣ

Раиси созмони энержии ҳастаӣ Туркия аз гуфтугу бо Русия ва Чин ва Кореяи Ҷанубӣ барои сохти неругоҳҳои ҳастаӣ ҷадид дар ин кишвар хабар дод.

Аввалин неругоҳи ҳастаӣ Туркия ба номи Ок Кую 30 март бо ҳузури раисони Ҷумҳурии Туркия ва Русия дар вилояти Мерсин ҷануби Туркия ифтитоҳ шуд фози аввалин ин неругоҳи атомӣ бо зарфияти 1200 мегават дар муддати 5 сол тавассути ширкати Русатом кишвари Русия ба баҳрабардори расид.

Анкара барои сохти неругоҳи Ок Кию болиғ бар 20 миллиард доллар сармоягузори кард, ки бузургтарин тарҳи сармоягузории Туркия маҳсуб мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Солеҳ Сори раиси созмони энержи ҳастаӣ Туркия дируз чаҳоршанбе дар ҳошияи ифтитоҳи панҷумин намоишгоҳ ва нуҳумин конфронси неругоҳҳои ҳастаӣ дар Истанбул гуфт: Таҳқиқоти мавриди ниёз барои сохти дувумин неругоҳи ҳастаӣ Туркия дар вилояти Синоп ба поён расида аст.

Сори афзуд: Гуфтугуҳои бо Чин барои сохти севумин неругоҳи ҳастаӣ Туркия дар минтақаи Фракия дар ҷараён аст.

Туркия қасд дорад дар як давраи баландмуддат ҳадиақал 20 дарсад энержии барқи ин кишварро аз тариқи неругоҳҳои ҳастаӣ таъмин кунад.