Июн 23, 2023 21:26 Asia/Dushanbe
  • Жонг Жон, намояндаи доими Чин дар Созмони Милал
    Жонг Жон, намояндаи доими Чин дар Созмони Милал

Намояндаи Чин дар Созмони Милал аз Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ хост то зимни лағви таҳримҳои якҷониба алайҳи Афғонистон, кумакҳои башариро ба дигар масоил гиреҳ назананд.

Пас аз қудрат гирифтани дубораи Толибон дар Афғонистон аз августи 2021 то кунун кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико миллиардҳо доллар аз дороиҳои Афғонистонро блок кардаанд. Ин мавзуъ бар шиддати мушкилоти мардуми ин кишвар афзудааст.

Жонг Жон, намояндаи доими Чин дар Созмони Милал дар нишасти Шурои амнияти Созмони Милал бо таъкид бар лағви таҳримҳои хориҷӣ зидди Кобул гуфт: Бо тавваҷуҳ ба таъсири таҳримҳои якҷониба, Афғонистон бо камбуди ҷиддии тадорукот ва ҳатто мушкилоти бештар дар бозсозии иқтисодӣ мувоҷеҳ аст.

Жонг Ҷон бо дархост барои озодии фаврии дороиҳои тавқифшудаи Афғонистон тавассути Амрико гуфт, ки Вашингтон набояд ба баҳонаҳои мухталифи ин амрро ба таъхир андохтаву ранҷи мардуми Афғонистонро афзоиш диҳад.

 

Барчасп