Июн 25, 2023 11:21 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии неруҳои Вагнер
    Ақибнишинии неруҳои Вагнер

Евгений Пригожин раиси гуруҳи Вагнер асри шанбе бо интишори як файли савтии забтшуда эълом кард ки ин гуруҳ неруҳои худро ба ақибнишини бар мегардонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар шароите, ки гуруҳи низомии Вагнер ба фармондеҳии Евгений Пригожин аз шомгоҳи ҷумъаи гузашта амалан навъи шуриши мусалаҳонаро зидди артиши Русия оғоз кард суханронии кутоҳи Владимир Путин ҳикоят аз он дорад, ки иқдоми неруҳои гуруҳи низомии Вагнер аз назари Маскав хиёнат аст ва азми барои мусолеҳа бо Евгений Пригожин вуҷуд надорад.

Раиси Ҷумҳурии Русия бо ишора ба судури дастуроти лозим барои хунсо кардани созмондиҳандагони шуриши мусалаҳонаи кунунии дар ин кишвар бо лаҳни муҳкам ҳушдор дод Маскав посухи сахти ба ин шуриши мусалаҳона медиҳад.

Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия низ рузи шанбе зимни ҳушдор ба кишварҳои ғарби дар бораи суи истифода аз шуриши гуруҳи низомии Вагнер барои таҳаққуқи аҳдофи хасмонаашон дар бораи Русия эълом кард ин кишвар ба масири худ дар тазмини амният ва ҳимоят аз арзишҳои худ ва эҷоди низоми чандқутби идома хоҳад дод.