Афғонистон маҳали транзити энержии Туркманистон
Вазорати саноат ва тиҷорати ҳукумати Толибони Афғонистон транзити газ ва маводи нефтии Туркманистон аз масири он кишвар ба Покистонро сабаби шукуфоӣ Афғонистон донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросн, Абдусалом Охундзодаҷавод сухангуи Вазорати саноат ва тиҷорати Афғонистон рузи Душанбе гуфт: Тарҳи интиқоли энержии Туркманистон ба Покистон аз масири Афғонистон барои як давраи озмоиши аст ва дар сурати натиҷабахш будан мудатзамони он тамдид хоҳад шуд.
Охундзода гуфт: Бо иҷрои тарҳи транзити газ ва маводи нефт аз Туркманистон ба Покистон аз масири Афғонистон сатҳи авоиди милли ин кишвар афзоиш ва бахши таробарии ин кишвар рушд хоҳад ёфт.
Ин дар ҳоле аст, ки тарҳи интиқоли газ Туркманистон, Покистон ва Ҳинд ҳануз нотамом боқи монда аст.