Декабр 24, 2016 12:54 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ислом рабте ба терроризм надорад

Раисҷумҳури Русия бо таъкид бар манъи истифодаи расонаҳо аз ибораи "давлати исломӣ" барои гурӯҳи террористии ДИИШ гуфт, беҳтар аст, ки калимаҳои "Ислом" ва "терроризм" бо ҳам зикр нашаванд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Ислам.ру”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар конфронси хабарӣ дар Маскав дар посух ба саволи рӯзноманигори нашрияи "Кавказ сегодня" афзуд, террор ҳеҷ нисбату иртиботе ба Ислом надорад.

Моҳи декабри соли 2014 низ Шамсаил Саралиев, намояндаи чечен дар парлумони Русия пешниҳод карда буд, дар расонаҳо ибораи "террористҳои исломӣ" ва "шибҳинизомиёни исломӣ" истифода нашавад.

Гурӯҳи такфирии ифротии ДИИШ, ки аз ибтидо худро бо номи Давлати исломии Ироқу Шом муаррифӣ кард, як созмони террористии фаъол дар хоки Ироқу Сурия аст, ки моҳи октябри соли 2006 таъсис ёфтааст ва фаъолияташ дар бештари кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Русия мамнӯъ аст.