Июн 27, 2023 11:27 Asia/Dushanbe
  • Раиси гуруҳи Вагнер : Ба дунболи сарнагунии давлати Русия набудем

Раиси гуруҳи Вагнер иддао кард, ки сарнагунии давлати Русия дар барномаи онҳо набудааст.

Гуруҳи ниманизомии Вагнер ба фармондеҳии Евгений Пригожин-ҷумъаи гузашта бо иддаои инки неруҳои артиши Русия ба мавозиъи ин гуруҳ ҳамла кардаанд, амалан навъе шӯриши мусаллаҳонаро оғоз кард.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, Евгений Пригожин-раиси гуруҳи Вагнер дар як паёми савтӣ муддаӣ шуд, ки ҳадаф аз шӯриши гуруҳаш ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар буд, на сарнигунии давлати Русия.

Пригожин дар ин паём гуфт : " Ҳадафи Вагнер аз шӯриш, ҷилавгирӣ аз нобудии ин гуруҳ ва муҳокимаи касоне буд, ки бо иқдомоти ғайриҳирфаии худ муртакиби иштибоҳоти зиёде дар ҷараёни ҷанг дар Украина шуданд" .

Раиси гуруҳи Вагнер пештар эълом кард, ки тамомии фаъолиятҳои ин гуруҳ аз рӯзи нахусти июл мутаваққиф хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремл эълом кард, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия рӯзи душанбе нишастеро бо ҳузури мақомоти аршади амниятии ин кишвар баргузор кард.

Бештар бихонед :

 

Барчасп