Вокуниши Кремл ба иддаои ҳушдори Чин ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i104524-Вокуниши_Кремл_ба_иддаои_ҳушдори_Чин_ба_Русия
Сухангӯи кохи Кремл ба иддаои «Фойнешнл таймс» дар бораи ҳушдори раиси ҷумҳурии Чин ба ҳамтои руси худ мабнӣ бар истифода аз силоҳи ҳастаӣ вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 05, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Овозаҳо дар бораи ҳушдори раиси ҷумҳурии Чин дар ҷараёни сафар ба Маскав
    Овозаҳо дар бораи ҳушдори раиси ҷумҳурии Чин дар ҷараёни сафар ба Маскав

Сухангӯи кохи Кремл ба иддаои «Фойнешнл таймс» дар бораи ҳушдори раиси ҷумҳурии Чин ба ҳамтои руси худ мабнӣ бар истифода аз силоҳи ҳастаӣ вокуниш нишон дод.

«Фойнешнл таймс» муддаӣ шуд, дар ҳоле ки Пекин акнун мусаммам аст эътибори маҳори таҳдидоти ҳастаии Маскавро моли худ кунад, раиси ҷумҳурии Чин дар ҷараёни сафар ба Маскав дар моҳи март, ба раиси ҷумҳурии Русия шахсан ҳушдор дод, дар ҷараёни ҷанги Украина аз таслеҳоти ҳастаӣ истифода накунад.

Тибқи гузориши ин расонаи британияӣ, Украина ва муттаҳидонаш ба далели равобити наздики Русия ва Чин ҳамчунон бадбин ҳастанд.

Ба гузориши “Форс”, Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремл рӯзи чаҳоршанбе иддаои расонаӣ дар бораи ҳушдори шахсии Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин ба Владимир Путин, ҳамтои руси вай дар бораи истифода аз силоҳи ҳастаиро рад кард.

Песков дар посух ба суоле дар бораи гузориши “Фойнешнл таймс” гуфт: «На, наметавонам таъйид кунам».

Вай афзуд, ду кишвар дар он замон (сафари Си Ҷинпинг ба Маскав) дар бораи муҳтавои гуфтугӯҳо баёнияҳое мунташир карданд ва ҳар чизи дигаре (ғайр аз онҳо) тахайюлӣ аст.

Ин иддао дар ҳоле матраҳ шудааст, ки Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия 15 июн дар ҳошияи Маҷмаи байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург бо такрори мавзеи Маскав дар бораи истифода аз силоҳи ҳастаӣ гуфт: Истифодаи Русия аз таслеҳоти ҳастаӣ фақат барои аҳдофи дифоӣ имкон хоҳад дошт.

Мақомоти Русия ҳамвора таъкид кардаанд, ҷанги ҳастаӣ ҳеҷ барандае нахоҳад дошт ва набояд ҳаргиз рӯй диҳад, аммо дар айни ҳол ҳушдор додаанд, дар сурати дар хатар қарор гирифтани ин кишвар ин гузинаро рад намекунанд.